https://sputnik.tj/20220314/toqaev-barovardan-dollar-qazoqiston-man-1046793838.html
Дар пайравӣ бо Путин Тоқаев баровардани беш аз 10 ҳазор доллар аз Қазоқистонро манъ кард
Дар пайравӣ бо Путин Тоқаев баровардани беш аз 10 ҳазор доллар аз Қазоқистонро манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан кишвардори Русия фармонеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он баровардани беш аз 10 ҳазор доллар манъ аст
2022-03-14T18:35+0500
2022-03-14T18:35+0500
2022-03-14T19:07+0500
қазоқистон
қосим -жомарт тоқаев
иқтисод
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698515_0:6:1333:756_1920x0_80_0_0_77920acdab845d19a68a76ada1c635d4.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев фармонеро "Дар бораи чораҳои таъмини суботи молии Ҷумҳурии Қазоқистон” имзо кард, ки содироти асъори хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 10 ҳазор доллар аз кишварро манъ мекунад.Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон хабар дод.Илова бар ин содироти тангаҳои инвеститсионии аз тило ва нуқра сохташуда ба хориҷ аз ин кишвар низ манъ шудааст.Бояд гуфт, қаблан кишвардори Русия айнан чунин фармон тасвиб карда буд.Ҳамакнун баровардани 10 000 доллар аз қаламрави Русия, тибқи фармони Владимир Путин, мамнуъ аст.Дар ин ҳуҷҷат гуфта шудааст, ин тадбирҳо дар пайи "амалиёти ғайридӯстона ва хилофи ҳуқуқи байналхалқии ИМА, давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқии ба онҳо ҳамроҳшуда" ба амал омадаанд.
https://sputnik.tj/20220302/farmon-putin-dollar-rusiya-mamnu-1046411371.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698515_0:0:1333:1000_1920x0_80_0_0_46a88e15581c580b2659c13dedbdc0ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон тоқаев иқтисод
қазоқистон тоқаев иқтисод
Дар пайравӣ бо Путин Тоқаев баровардани беш аз 10 ҳазор доллар аз Қазоқистонро манъ кард
18:35 14.03.2022 (Навсозишуда: 19:07 14.03.2022) Қаблан кишвардори Русия фармонеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он, баровардани беш аз 10 ҳазор доллар ба хориҷ аз ин кишвар манъ аст
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев фармонеро "Дар бораи чораҳои таъмини суботи молии Ҷумҳурии Қазоқистон” имзо кард, ки содироти асъори хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 10 ҳазор доллар аз кишварро манъ мекунад.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон хабар дод.
"Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботи молӣ қарор мекунам: аз Ҷумҳурии Қазоқистон содир кардани асъори нақди хориҷӣ ва воситаҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 10 ҳазор доллар манъ карда шавад", - омадааст дар хабар.
Илова бар ин содироти тангаҳои инвеститсионии аз тило ва нуқра сохташуда ба хориҷ аз ин кишвар низ манъ шудааст.
Бояд гуфт, қаблан кишвардори Русия айнан чунин фармон тасвиб карда буд.
Ҳамакнун баровардани 10 000 доллар аз қаламрави Русия, тибқи фармони Владимир Путин, мамнуъ аст.
Дар ин ҳуҷҷат гуфта шудааст, ин тадбирҳо дар пайи "амалиёти ғайридӯстона ва хилофи ҳуқуқи байналхалқии ИМА, давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқии ба онҳо ҳамроҳшуда" ба амал омадаанд.