Дар Тоҷикистон тамоми ҳафта борон ва раъду барқ ​​мешавад

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкДождь
Дождь  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Ҳафтаи равон дар Тоҷикистон боришот фаровон шуда, ҳарорати рӯз дар баъзе минтақаҳо то 26 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар рӯзҳои оянда дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор идома ёфта, дар водиҳо ва навоҳии доманакӯҳҳо борон меборад, аммо сокинони манотиқи кӯҳиро барф, раъду барқ, жола интизор аст, хабар медихад Агентии ҳавосанҷии кишвар.
Дар Душанбе тақрибан тамоми ҳафта борон меборад, ки рӯзи ниҳоии он ҷумъаи 18 март хоҳад буд. Танҳо рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе борон намеборад.
Дар ҳамин ҳол 17 март дар пойтахт ҳаво гарм шуда, рӯзона то 26 ва шабона то 12 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои дигар ҳарорати шабонарӯзӣ 21ва дар рӯзҳои истироҳатӣ то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ тамоми ҳафта боришоти борон, баъзан бо барф пешгӯӣ иешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 то 4, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 дараҷа, рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад.
"Дар рӯдхонаҳои Ёхсу ва Қизилсу (ҷануб) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, якбора боло рафтани сатҳи об дар назар аст", — ҳушдор медиҳанд ҳавошиносон.
Дар вилояти Хатлон танҳо 14 ва 17 март ҳаво бебориш шуда, рӯзҳои дигар абриву борон мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, жола меборад. Шамол аз самти ғарб то охири ҳафта то 12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 18-24 дараҷа гарм мешавад.
Ласточка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Марти мисли баҳори ҳудуди 40 сол пеш: сокинони Тоҷикистонро баҳори серун интизор аст
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ тамоми ҳафта борон ва дар баъзе минтақаҳо барф меборад. Дар ВМКБ шабона аз 2 то 3 дараҷа гарм, рӯзона 11-14 дараҷа гарм, дар шарқ шабона то 12 дараҷа гарм, рӯзона 1...4 дараҷа гарм мешавад.
"Дар ноҳияҳои кӯҳистонии ғарби ВМКБ ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад", - ҳушдор додааст агентӣ.
Дар вилояти Суғд шамол то 23 метр дар як сония мевазад. Агар дар нимаи ҳафта ҳарорати рузона тақрибан +20 дараҷа бошад, пас дар рӯзҳои истироҳатӣ ҳарорат то +6 дарача паст мешавад. Шабона аз 2 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳои вилояти Суғд шабона -1...+4, рӯзона 4-9 гамр шуда, боришоти барф низ аз эҳтимол дур нест.
Лентаи хабарҳо
0