Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи паралимпиҳо дар Русия иштирок мекунад

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкТренировка паралимпийской сборной России по керлингу
Тренировка паралимпийской сборной России по керлингу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Бозиҳои зимистонаи паралимпиҳо 18 - 21 март дар шаҳри Ханти-Мансийск дар назар мебошанд
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон ва Арманистон низ дар Бозиҳои зимистонаи умумирусиягии паралимпиҳо дар шаҳри Ханти- Мансийск иштирок мекунанд.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли Вазорати варзиши Русия хабар додаст. Таъкид шудааст, ки бозиҳо таҳти шиори "Мо якҷоем. Варзиш" баргузор мегарданд.
Иштирокдорони асосии ин мусобиқот тимҳо аз Русия ва Белорус мебошанд, ки ба Бозиҳои паралимпии Пекин роҳ дода нашуданд.
Вазорати варзиши Русия мегӯяд, бозиҳои мазкур аз 18 то 21 март дар назар буда, зӯрозмоиҳо дар лижаронӣ, биатлон, сноуборд, лижаронии куҳӣ, керлинг дар ароба ва слеҷ-хоккей сурат мегиранд.
Бозиҳои мазкур дар барномаи XIII-умин Бозиҳои параолимпии зимистона дар шаҳри Пекини Чин пешбинӣ шуда буданд.
Бозиҳои бонувони футболбоз миёни Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Яккачини занонаи Эрон мунтахаби Тоҷикистонро голборон кард
Ташкили ин бозиҳо дар ҳолест, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар охири моҳи феврал ба федератсияҳои варзишии байналмилалӣ тавсия дод, ки варзишгарони Русия ва Белорусро ба мусобиқот роҳ надиҳанд.
Далели ин иқдом вазъияти марбут ба амалиёти низомии Русия дар Украина арзёбӣ шуда буд.
Рӯзи 2 март тимҳои Русия ва Белорус ба Бозиҳои параолимпӣ дар Пекин роҳ дода шуданд, аммо 17 соат пас Кумитаи байналмилалии параолимпӣ тасмимашро тағйир дод. Варзишгарони Белорус ва Русия аз Бозиҳои параолимпӣ дар Чин барканор шуданд.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни шарҳи таҳримот алайҳи кишвар изҳор дошт, ки Маскав аз қабл барои чунин вокуниш омода буд, аммо таҳримот алайҳи варзишгарон, ходимони фарҳангӣ ва рӯзноманигоронро интизор надошт.
Лентаи хабарҳо
0