https://sputnik.tj/20220314/sobyanin-nizom-niqob-maskav-laghv-1046789427.html
Собянин низоми ниқобпӯширо дар Маскав лағв кард
Собянин низоми ниқобпӯширо дар Маскав лағв кард
Sputnik Тоҷикистон
Мири шаҳри Маскав аз 15 март низоми ниқобпӯширо лағв кард
2022-03-14T17:00+0500
2022-03-14T17:00+0500
2022-03-14T17:55+0500
дар русия
маскав
сергей собянин
тандурустӣ
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1d/1032176729_0:0:2808:1580_1920x0_80_0_0_3dc680098a26f3fa934d1c75f21b7d48.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар Маскав аз рӯзи сешанбеи 15 март талаби истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ лағв шуд, гуфт раиси пойтахт Сергей Собянин. Илова бар ин чораҳои беҳдоштӣ дар корхонаву идораҳо, аз ҷумла ҳамарӯза чен кардани ҳарорати бадан ва риояи фосила байни кормандон лағв карда мешавад.Собянин дар идома афзуд, ки бекор шудани баъзе чораҳои зидди ковидӣ дар шароите ки соҳибкоронро дар ҳолати ногувор қарор дода буд, манфиатовар аст.Тибқи иттилои ситодҳои оперативӣ, шабонарӯзи гузашта дар Маскав 957 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, 44 нафар аз он афроди бемор фавтиданд. Инчунин 1061 мариз шифо ёфта, аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав мураххас шудаанд.Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ низ бинобар ба эътидол омадани вазъи коронавирус чандин маҳдудияти ковидиро бекор кард.Аз ҷумла, дар Тоҷикистон пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ лағв шуд. Инчунин маҳдудиятҳо дар тӯй ва дигар ҷашну маросими миллӣ ҳам бекор гардид.Аммо иқдоми нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва муҷаҳҳаз кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ бо маводи зиддиуфунӣ дар Тоҷикистон ҳамоно ҳифз шудааст.
https://sputnik.tj/20220314/laghv-mahdudiyat-kovid-tojikiston-1046785524.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1d/1032176729_7:0:2479:1854_1920x0_80_0_0_2dd8696567f43556b4a3438cc5ceb93d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
собянин маскав ниқоб
Собянин низоми ниқобпӯширо дар Маскав лағв кард
17:00 14.03.2022 (Навсозишуда: 17:55 14.03.2022) Мири шаҳри Маскав аз 15 март низоми ниқобпӯширо лағв кард
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар Маскав аз рӯзи сешанбеи 15 март талаби истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ лағв шуд, гуфт раиси пойтахт Сергей Собянин.
"Беҳбуди бемайлони вазъи эпидемиологӣ ба мо имкон медиҳад, ки қарори деринтизорро қабул кунем", - навиштааст ӯ.
Илова бар ин чораҳои беҳдоштӣ дар корхонаву идораҳо, аз ҷумла ҳамарӯза чен кардани ҳарорати бадан ва риояи фосила байни кормандон лағв карда мешавад.
Собянин дар идома афзуд, ки бекор шудани баъзе чораҳои зидди ковидӣ дар шароите ки соҳибкоронро дар ҳолати ногувор қарор дода буд, манфиатовар аст.
Тибқи иттилои ситодҳои оперативӣ, шабонарӯзи гузашта дар Маскав 957 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, 44 нафар аз он афроди бемор фавтиданд. Инчунин 1061 мариз шифо ёфта, аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав мураххас шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ низ бинобар ба эътидол омадани вазъи коронавирус чандин маҳдудияти ковидиро бекор кард.
Аз ҷумла, дар Тоҷикистон пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ лағв шуд. Инчунин маҳдудиятҳо дар тӯй ва дигар ҷашну маросими миллӣ ҳам бекор гардид.
Аммо иқдоми нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва муҷаҳҳаз кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ бо маводи зиддиуфунӣ дар Тоҷикистон ҳамоно ҳифз шудааст.