https://sputnik.tj/20220314/sehrgar-tojik-hunar-emomali-rahmon-nishon-dihad-1046801375.html
Соҳири тоҷик мехоҳад ҳунарашро ба Эмомалӣ Раҳмон нишон диҳад
Соҳири тоҷик мехоҳад ҳунарашро ба Эмомалӣ Раҳмон нишон диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ин сеҳргари тоҷик 22 - сола буда, дар театри "Чудес" - и шаҳри Маскав кор мекунад. Ҳоло бо сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон қарор дорад
2022-03-14T22:00+0500
2022-03-14T22:00+0500
2022-03-15T12:18+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0f/1046804672_0:0:589:332_1920x0_80_0_0_5bf38020066bae8928dabde32352a73d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Мақсуд Додоҷонов, сеҳргари 22-солаи тоҷик орзу дорад, ҳунари худро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишон диҳад.Ӯ хатмкардаи литсейи рақами 2-и пойтахт барои хонандагони болаёқат буда, феълан дар Театри "Чудес", дар шаҳри Маскав кор мекунад.Сомонаи JOM, ки бо ин сеҳргари ҷавон суҳбат кардааст, менависад, Мақсуд бо сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.Ӯ ин ҳунарро аз падари худ ёд гирифтааст ва ҳоло дар Тоҷикистон бо ҳайати театр дар сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, мактабҳои хусусӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳр ва берун аз он "фокус" нишон медиҳад.Муҳоҷири тоҷик дар Маскав кӯдакро аз марг наҷот додМақсуд дар оянда комилан ба сеҳргарӣ машғул шуданист, вале доштани маълумоти олиро низ муҳим арзёбӣ мекунад. Бинобар ин дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил дорад.Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳоло ин жанр ба фарқ аз кишварҳое чун Русия ва Амрико чандон муваффақ нест, аммо вай изҳори бовар кард, ки дар ояндаи наздик ин жанр ҳатман пеш хоҳад рафт.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0f/1046804672_32:0:497:349_1920x0_80_0_0_cbbb89846880ec3745447d68cc99ae26.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон сеҳр
Соҳири тоҷик мехоҳад ҳунарашро ба Эмомалӣ Раҳмон нишон диҳад
22:00 14.03.2022 (Навсозишуда: 12:18 15.03.2022) Ин сеҳргари тоҷик 22-сола буда, дар Театри "Чудес"-и шаҳри Маскав кор мекунад. Ҳоло бо сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Мақсуд Додоҷонов, сеҳргари 22-солаи тоҷик орзу дорад, ҳунари худро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишон диҳад.
Ӯ хатмкардаи литсейи рақами 2-и пойтахт барои хонандагони болаёқат буда, феълан дар Театри "Чудес", дар шаҳри Маскав кор мекунад.
Сомонаи JOM, ки бо ин сеҳргари ҷавон суҳбат кардааст, менависад, Мақсуд бо сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Ӯ ин ҳунарро аз падари худ ёд гирифтааст ва ҳоло дар Тоҷикистон бо ҳайати театр дар сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, мактабҳои хусусӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳр ва берун аз он "фокус" нишон медиҳад.
Мақсуд дар оянда комилан ба сеҳргарӣ машғул шуданист, вале доштани маълумоти олиро низ муҳим арзёбӣ мекунад. Бинобар ин дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил дорад.
Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳоло ин жанр ба фарқ аз кишварҳое чун Русия ва Амрико чандон муваффақ нест, аммо вай изҳори бовар кард, ки дар ояндаи наздик ин жанр ҳатман пеш хоҳад рафт.