https://sputnik.tj/20220314/pekin-kumakkhohi-maskav-ukraina-1046785098.html
Пекин хабари кумакхоҳии Маскав барои амалиёт дар Украинаро рад кард
Пекин хабари кумакхоҳии Маскав барои амалиёт дар Украинаро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хоричии Чин мегӯяд барои мавқеъгирии созанда дар ҳалли мухолифати Русия ва Украина талош дорад
2022-03-14T16:25+0500
2022-03-14T16:25+0500
2023-10-02T17:10+0500
чин
дар ҷаҳон
сиёсат
таҳрим
пекин
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046423303_0:61:3071:1788_1920x0_80_0_0_ec6937e7ad2df19e1c004f6b014ace73.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Хабарҳо дар бораи он ки Маскав барои амалиёт дар Украина аз Пекин кумак хостааст, бепояанд, изҳор дошт Чжао Литсзян, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин. Литсзян таъкид намудааст, ки Пекин талош дорад, мавқеъгирии созанда дошта бошаду ба музокирот ва роҳи ҳалли мусолиматомези қазия мусоидат мекунад. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин ҷонибҳои даргирро ба хештандорӣ даъват кардааст, то шиддати вазъ коҳиш ёбад. Хабар дар бораи он ки гӯё Русия аз Чин кумаки низомӣ хостааст, ахиран дар Financial Times бо такя ба манобеи расона мунташир шуд. Инчунин мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷейк Салливан изҳор дошт, ки Вашингтон талош кард, ба Пекин расонад, ки бо "паёмадҳо"-е дучор хоҳад шуд, агар қасди ҷуброни талафоти Русия аз таҳримотро кунад. Қаблан мақомоти Чин изҳор карда буданд, ки ҷонибдори роҳандозии таҳрим алайҳи Русия нестанд, чун муътақиданд, ки аз ин роҳ мушкиле ҳал нахоҳад шуд.Мудири Маркази таҳлили савдои ҷаҳонии силоҳ Игор Коротченко ба РИА "Новости" гуфт, нерӯҳои Русия техникаи кофӣ барои гузарондани амалиёти муваффақ дар Украинаро доранд. Вай нашри хабарҳо дар мавриди кумакхоҳии Русия аз Чинро "партоб дар доираи ҷанги гибридӣ" гуфт, ки Ғарб пеш бурда истодааст. Қаблан мақомоти Чин изҳор карда буданд, ки ҷонибдори роҳандозии таҳрим алайҳи Русия нестанд, чун муътақиданд, ки аз ин роҳ мушкиле ҳал нахоҳад шуд.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Дар баробари амалиёти низомии Русия дар Украина ҳамзамон музокирот миёни Киев ва Маскав барои ҳалли мусолиматомези қазия ва коҳиши шиддати ташаннуҷ идома дорад.
https://sputnik.tj/20220314/rusiya-tasdiq-sozish-ukraina-sui-smm-1046774030.html
чин
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046423303_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ab40437ce0e85babdf730b6bfe611385.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пекин, маскав, кумак, низомӣ
пекин, маскав, кумак, низомӣ
Пекин хабари кумакхоҳии Маскав барои амалиёт дар Украинаро рад кард
16:25 14.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Вазорати умури хориҷии Чин мегӯяд, барои мавқеъгирии созанда дар ҳалли мухолифати Русия ва Украина талош дорад
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Хабарҳо дар бораи он ки Маскав барои амалиёт дар Украина аз Пекин кумак хостааст, бепояанд, изҳор дошт Чжао Литсзян, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин.
"Иттилоот дар ин бора дурӯғпароканӣ мебошад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли дипломати чинӣ.
Литсзян таъкид намудааст, ки Пекин талош дорад, мавқеъгирии созанда дошта бошаду ба музокирот ва роҳи ҳалли мусолиматомези қазия мусоидат мекунад. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин ҷонибҳои даргирро ба хештандорӣ даъват кардааст, то шиддати вазъ коҳиш ёбад.
Хабар дар бораи он ки гӯё Русия аз Чин кумаки низомӣ хостааст, ахиран дар Financial Times бо такя ба манобеи расона мунташир шуд. Инчунин мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷейк Салливан изҳор дошт, ки Вашингтон талош кард, ба Пекин расонад, ки бо "паёмадҳо"-е дучор хоҳад шуд, агар қасди ҷуброни талафоти Русия аз таҳримотро кунад.
Қаблан мақомоти Чин изҳор карда буданд, ки ҷонибдори роҳандозии таҳрим алайҳи Русия нестанд, чун муътақиданд, ки аз ин роҳ мушкиле ҳал нахоҳад шуд.
Мудири Маркази таҳлили савдои ҷаҳонии силоҳ Игор Коротченко ба РИА "Новости" гуфт, нерӯҳои Русия техникаи кофӣ барои гузарондани амалиёти муваффақ дар Украинаро доранд. Вай нашри хабарҳо дар мавриди кумакхоҳии Русия аз Чинро "партоб дар доираи ҷанги гибридӣ" гуфт, ки Ғарб пеш бурда истодааст.
Қаблан мақомоти Чин изҳор карда буданд, ки ҷонибдори роҳандозии таҳрим алайҳи Русия нестанд, чун муътақиданд, ки аз ин роҳ мушкиле ҳал нахоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Дар баробари амалиёти низомии Русия дар Украина ҳамзамон музокирот миёни Киев ва Маскав барои ҳалли мусолиматомези қазия ва коҳиши шиддати ташаннуҷ идома дорад.