https://sputnik.tj/20220314/parvoz-mustaqim-rusiya-kishvar-mondast-tojikiston-1046776889.html
Парвози мустақим аз Русия ба 15 кишвар боқӣ мондааст: Тоҷикистон дар феҳраст аст
Парвози мустақим аз Русия ба 15 кишвар боқӣ мондааст: Тоҷикистон дар феҳраст аст
Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои мустақим аз Русия дар шароити маҳдудиятҳои таҳримӣ ба 15 кишвар боқӣ мондаанд 14.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-14T13:57+0500
2022-03-14T13:57+0500
2022-03-14T14:43+0500
дар русия
сайёҳӣ
парвоз
мустақим
идм
ширкат
ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044974979_0:66:2371:1399_1920x0_80_0_0_fadb45d1acec8b784edba425af4f79c8.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ширкатҳои мусофирбари хориҷӣ аз Русия ба 15 кишвар парвозҳои мустақим анҷом медиҳанд, хабар додаст РИА "Новости" аз қавли Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия. "Моҳи марти соли равон парвозҳои мустақим ба Тоҷикистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Қатар, Марокко, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Шри-Ланка боқӣ мондаанд", - хабар дод ассотсиатсия. Тавзеҳ дода шуд, ки сайёҳон метавонанд барои масирҳои дигар бастаҳои хидматрасонӣ гиранд, аммо парвоз аллакай на мустақим, балки аз тариқи таваққуф дар кишвари сеюм сурат хоҳанд гирифт. Дар ин феҳраст аз ҷумла бастаҳои сайёҳӣ ба Абхазистон, Юнон, Миср, Таиланд, Малдив ва Индонезия, ҷазираҳои Сейшел зикр шудаанд. "Ҳафтаи истироҳат дар хориҷ нархи гуногун дорад - аз 23,7 ҳазор рубл дар Абхазистону 66,7 ҳазор дар Арманистон барои ду нафар то беохир дар кишварҳои дигар, масалан Малдив", - таъкид намуданд масъулини сайёҳӣ. Маврид ба зикр аст, ки дар пайи таҳримоти ғарбӣ парвозҳо аз Русияро ширкатҳои озарбойҷонии "Azerbajzan Airlines" ва "Buta Airways" мутаваққиф карданд. Дар баробари ин "Egypt Air"-и Миср, "Air Astana"-и Қазоқистон ва "Pegasus Airlines"-и туркӣ парвозҳояшон ба Русияро қатъ намудаанд. Дар баробари ин ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз 8 март парвозҳоро дар масирҳои байналмилалӣ мутаваққиф кардаанд, чун хатари мусодираи ҳавопаймо дар пайи таҳримоти эълоншуда ҷой дорад.
https://sputnik.tj/20220313/korshinos-rushd-sayyoh-idm-peshgui-1046757756.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044974979_0:0:2107:1580_1920x0_80_0_0_bdc7386e2f618aae3d20f376289e01aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, сайёҳӣ , парвоз, мустақим, идм, ширкат, ҳавопаймо
дар русия, сайёҳӣ , парвоз, мустақим, идм, ширкат, ҳавопаймо
Парвози мустақим аз Русия ба 15 кишвар боқӣ мондааст: Тоҷикистон дар феҳраст аст
13:57 14.03.2022 (Навсозишуда: 14:43 14.03.2022) Парвозҳои мустақим аз Русия дар шароити маҳдудиятҳои таҳримӣ ба 15 кишвар боқӣ мондаанд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ширкатҳои мусофирбари хориҷӣ аз Русия ба 15 кишвар парвозҳои мустақим анҷом медиҳанд, хабар додаст РИА "Новости" аз қавли Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия.
"Моҳи марти соли равон парвозҳои мустақим ба Тоҷикистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Қатар, Марокко, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Шри-Ланка боқӣ мондаанд", - хабар дод ассотсиатсия.
Тавзеҳ дода шуд, ки сайёҳон метавонанд барои масирҳои дигар бастаҳои хидматрасонӣ гиранд, аммо парвоз аллакай на мустақим, балки аз тариқи таваққуф дар кишвари сеюм сурат хоҳанд гирифт. Дар ин феҳраст аз ҷумла бастаҳои сайёҳӣ ба Абхазистон, Юнон, Миср, Таиланд, Малдив ва Индонезия, ҷазираҳои Сейшел зикр шудаанд.
"Ҳафтаи истироҳат дар хориҷ нархи гуногун дорад - аз 23,7 ҳазор рубл дар Абхазистону 66,7 ҳазор дар Арманистон барои ду нафар то беохир дар кишварҳои дигар, масалан Малдив", - таъкид намуданд масъулини сайёҳӣ.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи таҳримоти ғарбӣ парвозҳо аз Русияро ширкатҳои озарбойҷонии "Azerbajzan Airlines" ва "Buta Airways" мутаваққиф карданд. Дар баробари ин "Egypt Air"-и Миср, "Air Astana"-и Қазоқистон ва "Pegasus Airlines"-и туркӣ парвозҳояшон ба Русияро қатъ намудаанд.
Дар баробари ин ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз 8 март парвозҳоро дар масирҳои байналмилалӣ мутаваққиф кардаанд, чун хатари мусодираи ҳавопаймо дар пайи таҳримоти эълоншуда ҷой дорад.