https://sputnik.tj/20220314/festival-khivatari-jopon-1046777056.html
Бо пой бараҳна дар рӯйи ахгар: Ҷашнвораи Ҳиватарӣ дар Ҷопон
Бо пой бараҳна дар рӯйи ахгар: Ҷашнвораи Ҳиватарӣ дар Ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнвораи ҷолиби Ҳиватарӣ моҳи март дар қаторкӯҳҳои Такао, воқеъ дар наздикии Токио баргузор мешавад. Ҳиватариро Ҷашнвораи раҳпаймоии оташӣ меноманд 14.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-14T15:30+0500
2022-03-14T15:30+0500
2022-03-14T16:09+0500
акс
ҷопон
фестивал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0e/1046777117_0:393:2941:2047_1920x0_80_0_0_b072d2f81849973d535dd387357e986f.jpg
ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0e/1046777117_117:0:2846:2047_1920x0_80_0_0_601ddd4c97cceab00e2d03404d3a1aa4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фото, акс, ҷопон, фестивал
фото, акс, ҷопон, фестивал
Бо пой бараҳна дар рӯйи ахгар: Ҷашнвораи Ҳиватарӣ дар Ҷопон
15:30 14.03.2022 (Навсозишуда: 16:09 14.03.2022) Ҷашнвораи ҷолиби Ҳиватарӣ моҳи март дар қаторкӯҳҳои Такао, воқеъ дар наздикии Токио баргузор мешавад. Ҳиватариро Ҷашнвораи раҳпаймоии оташӣ меноманд

Марде дар Фестивали роҳпаймоии оташӣ дар паҳлӯи алангаи оташ қадам мезанад. Дар ин ҷашнвора таҳрибан 1500 нафар ширкат варзида, барои солимии худу наздикон ва рафъи коронавирус дуо мекунанд

Ин ҷашнвора дар кӯҳҳои Такао баргузор мешавад ва ба ин маросим ҳар нафари хоҳишманд метавонад пайваст шавад.

Ҷойе, ки роҳпаймоии оташӣ баргузор мегардад, қариб 50 километр дуртар аз пойтахти Ҷопон воқеъ аст.

Марде бо кӯдакаш аз болои ахгар мегузарад. Ба ин ҷо теъдоди зиёди сайёҳон ҳам меояд.

Беш аз 2,5 миллион нафар ҳамасола ба кӯҳи Такао омада, бевосита тамошобини ин ҷашнвора мешаванд.

Лаҳзаи қадамзании як зан дар болои оташ. Ҷопониҳо бовар доранд, ки оташ тамоми энергияи ифлоси онҳоро месӯзонад

Дар ин ҷашнвора аслан чӯбҳоеро месӯзонанд, ки болои он мардум дархосту хоҳишҳои худро менависанд. Пас аз хомӯш шудани алангаи оташ хоҳишмандон метавонанд болои лахча қадам зананд ва барои худу наздикон дуо кунанд.

Ин ҷо кӯдак ҳамроҳи як нафари калонсол аз болои лахча мегузарад. Ба меҳмонон тавсия дода мешавад, ки пас аз роҳ рафтан пойҳои худро бо дастмоли тар тоза кунанд, то пӯсти онҳо осеб набинад.