Чин аз ИМА хост, фаъолияти биологияшро дар Украина тавзеҳ диҳад

© PixabayМикроскоп
Микроскоп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Агар ИМА хоҳад самимияташро нишон диҳад, чаро фаъолияти озмоишгоҳҳоро дар Украина ошкор намекунад, суол гузошт Пекин
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. ИМА бояд фаъолияти низомӣ-биологияшро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Украина тавзеҳ диҳад, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин Чжао Литсзян.
Мақомдори Чин рӯзи душанбе зимни нишасти суол гузошт, ки агар ИМА хоҳад самимияташро нишон диҳад, чаро фаъолияти озмоишгоҳҳои мазкурро ошкор намекунад?
Вай таъкид намудаст, ки фаъолияти низомӣ-биологӣ дар Украина нигаронии ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст.

"Бар асоси иттилои ахиран нашршуда, даҳҳо озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина тибқи фармоиши Вазорати дифои ИМА фаъолият мекунанд", - изҳор дошт намояндаи расмии ВУХ Чин.

Вазорати дифои Русия ахиран изҳор дошт, дар озмоишгоҳҳои биологии Украина, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида сохта ва маблағгузорӣ шудаанд, коронавирус дар кӯршапаракҳоро озмоиш кардаанд.
"Дар ташхисгоҳҳои биологӣ, ки дар Украина сохта ва маблағгузорӣ мешаванд, тавре ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, коронавирус дар кӯршапаракро озмоиш кардаанд",- гуфт намояндаи расмии Вазорати дифои Русия, генерал-майор Игор Конашенков.
Дар маҷмуъ, Вазорати дифои Русия гуфт, дар Украина шабакаи 30 ташхисгоҳи биологиро кашф кард, ки барои Иёлоти Муттаҳида кор мекарданд.
Биологически опасное вещество в руках лаборанта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Таҳдид дар пушти дар. Иёлоти Муттаҳида дар Украина даҳҳо ташхисгоҳҳои биологӣ таъсис дод
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия озмоишҳои Пентагон дар қаламрави Украина бо патогенҳои хатарнокро нафратангез хонд. Ӯ гуфт, пажуҳишгоҳҳои низомӣ - биологиро асосан дар атрофи Русия ва Чин месозанд, ки такзибнашаванда аст.
"Аммо ин ки озмоишҳо сулҳхоҳона набуданд, балки ба сохтани силоҳи биологӣ равона шуда буданд, дақиқ аст. Махсусан ба сохтани силоҳи биологии таъйиноти этникӣ равона шуда буданд ва дар ин амалан шубҳае нест", - гуфт вазир.
Вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфт, дар Украина озмоишгоҳе надорад. Аммо қабл аз ин Виктория Нуланд, муовини вазири умури хориҷаи Амрико бо эътирофи мавҷудияти муассисаҳои таҳқиқотии биологӣ дар қаламрави Украина чунин озмоишҳоро рад карда буд.
Лентаи хабарҳо
0