https://sputnik.tj/20220314/amriko-baydenro-takhrib-kishvar-muttaham-1046802421.html
Дар Амрико Байденро ба тахриби кишвар муттаҳам намуданд
Дар Амрико Байденро ба тахриби кишвар муттаҳам намуданд
Sputnik Тоҷикистон
Хабарнигори амрикоии Fox News Карлсон мегӯяд, Байден Амрикоро бо таҳримҳои зидди Русия нобуд кард
2022-03-14T22:30+0500
2022-03-14T22:30+0500
2022-03-15T12:23+0500
амрико
дар ҷаҳон
ҷо байден
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102080/97/1020809785_0:134:3163:1913_1920x0_80_0_0_5223a118865b47bf75ccd5ce300306c6.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ҳукумати Ҷо Байден бо таҳримҳо алайҳи Русия ба системаи молии ҷаҳонӣ зарба зада, онро хароб ва дар баробари он худи Иёлоти Муттаҳидаро низ тахриб мекунад, мегӯяд Такер Карлсон, рӯзноманигори "Fox News".Хабарнигор таҳримҳои зидди Русияро, ки дар пасманзари буҳрони Украина роҳандозӣ шудаанд, як ҷанги густурдаи иқтисодӣ алайҳи русҳо унвон кард. Карлсон инчунин ба ғайриқонунӣ будани мусодираи амволи одамоне, ки таҳти таҳримҳо қарор гирифтаанд, ишора кард. Журналист таъкид кард, ки монополистони технологӣ амрикоиёнро ба дасти худ дароварда истодаанд. Ҳамин тариқ "Google" маълумот дар бораи таваррумро, ки дар бинобар сиёсатҳои кунунии Амрико ба вуҷуд омадааст, аз саҳифаҳояш хориҷ мекунад. Ба гуфтаи Карлсон, ҳоло ҳатто одамоне, ки даромади баланд доранд, хатареро ба сатҳи зиндагии худ эҳсос кардаанд, куҷо расад ба як шаҳрванди оддии ин кишвар, ки аз ҳодисаҳои рӯхдода ба даҳшат афтодааст.Илова бар ин рӯзноманигор Кохи Сафедро дар боло бурдани нархи бензин муттаҳам кард. Вай таъкид кард, ки худи мақомот пинҳон намедоранд, ки ин ба таҳримҳои зидди Русия, аз ҷумла манъи хариди манобеи энержӣ аз Русия бастагӣ дорад.
https://sputnik.tj/20220306/bayden-ishtibo-rusiya-ukraina-1046589741.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102080/97/1020809785_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_330c731f606266a0be0b8b275a2e2a7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
байден амрико
Дар Амрико Байденро ба тахриби кишвар муттаҳам намуданд
22:30 14.03.2022 (Навсозишуда: 12:23 15.03.2022) Хабарнигори амрикоии "Fox News" Карлсон мегӯяд, Байден Амрикоро бо таҳримҳои зидди Русия нобуд кард
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ҳукумати Ҷо Байден бо таҳримҳо алайҳи Русия ба системаи молии ҷаҳонӣ зарба зада, онро хароб ва дар баробари он худи Иёлоти Муттаҳидаро низ тахриб мекунад, мегӯяд Такер Карлсон, рӯзноманигори "Fox News".
Хабарнигор таҳримҳои зидди Русияро, ки дар пасманзари буҳрони Украина роҳандозӣ шудаанд, як ҷанги густурдаи иқтисодӣ алайҳи русҳо унвон кард.
Карлсон инчунин ба ғайриқонунӣ будани мусодираи амволи одамоне, ки таҳти таҳримҳо қарор гирифтаанд, ишора кард.
"Ҳеҷ як Ҳукумати Амрико ҳеҷ гоҳ чунин коре накардааст. Агар як чизе ҳам буда, ки Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳамеша онро сахт дастгирӣ кардааст, он волоияти қонун будааст", - гуфт ӯ.
Журналист таъкид кард, ки монополистони технологӣ амрикоиёнро ба дасти худ дароварда истодаанд. Ҳамин тариқ "Google" маълумот дар бораи таваррумро, ки дар бинобар сиёсатҳои кунунии Амрико ба вуҷуд омадааст, аз саҳифаҳояш хориҷ мекунад.
Ба гуфтаи Карлсон, ҳоло ҳатто одамоне, ки даромади баланд доранд, хатареро ба сатҳи зиндагии худ эҳсос кардаанд, куҷо расад ба як шаҳрванди оддии ин кишвар, ки аз ҳодисаҳои рӯхдода ба даҳшат афтодааст.
Илова бар ин рӯзноманигор Кохи Сафедро дар боло бурдани нархи бензин муттаҳам кард. Вай таъкид кард, ки худи мақомот пинҳон намедоранд, ки ин ба таҳримҳои зидди Русия, аз ҷумла манъи хариди манобеи энержӣ аз Русия бастагӣ дорад.