https://sputnik.tj/20220313/siluanov-kay-rusiya-qarz-rubl-1046762475.html
Силуанов гуфт, то кай Русия қарзашро бо рубл пардохт хоҳад кард
Силуанов гуфт, то кай Русия қарзашро бо рубл пардохт хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири молияи Русия дар шароите, ки дороиҳои кишвар баста шуданд, пардохти қарзҳо бо рублро аз рӯи адл хонд
2022-03-13T19:30+0500
2022-03-13T19:30+0500
2022-03-14T19:39+0500
дар русия
иқтисод
қарздиҳӣ
рубл
пардохт
дороӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102995/13/1029951394_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_21d0280ad81b532ccbeceb77b330459e.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Русия аз уҳдадориҳояш дар робита ба қарзи давлатӣ даст намекашад, онро бо рубл пардохт хоҳад кард, изҳор дошт вазири молияи ин кишвар Антон Силуанов. Ӯ таъкид намуд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд. "Захоири тилою асъорамон, аз ҷумла дар Хазинаи рифоҳи миллӣ баста шудаанд. Дар иҷрои уҳдадориҳоямон, бахусус қарз дучори мушкил шудем. Комилан аз рӯи адолат аст, вақте мегӯем, аз уҳдадориҳо даст намекашем, балки қарзро бо рубл пардохт мекунем", - изҳор дошт Силуанов дар шабакаи "Россия 1".Ин дар ҳолест, ахиран дар Кремл изҳори бовар намуданд, ки дар Русия зарфияти кофӣ барои раҳоӣ аз вазъи мушкили иқтисодӣ фароҳам аст. Дар Русия вазъ ба дефолт ё худ касодшавии иқтисод нахоҳад расид, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ва аз пардохти қарзҳо бо рубл хабар дод. Ахиран Кристалина Георгиева, роҳбари Хазинаи Байналмилалии Асъор дефолт ё худ касодшавии иқтисоди Русияро дар пасманзари таҳримоти эълоншуда аз эҳтимол дур надонист. Ба гуфтаи ӯ, "таҳримоти бесобиқа ин кишварро ба рукуд тела доданд".Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.Бонки марказӣ дучори маҳдудиятҳо шуда, бархе аз бонкҳоро аз низоми SWIFT хориҷ карданд. Олмон расмисозии лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2"-ро қатъ намуд. ИМА ва кишварҳои Аврупо ҳарими ҳавоияшонро барои Русия бастанд ва даҳҳо ширкати маъруф бозори ин кишварро тарк намуданд.Дар пасманзари ин Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро то 20%-и солона боло бурда, Вазорати молия тамоми содиркунандаҳоро муваззаф кард, ки 80%-и даромади асъорияшонро аз тиҷорати хориҷӣ ба фурӯш гузоранд, то қурби рублро ба эътидол оранд.Мақомоти Русия ҳамчун чораи ҷавобӣ аз эҳтимоли миллӣ кардани ширкатҳое гуфтанд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолкунандагон нияти тарки бозори ин кишварро кардаанд.
https://sputnik.tj/20220313/turkiya-tahrim-rusiya-dast-kashid-1046758895.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102995/13/1029951394_247:0:968:541_1920x0_80_0_0_04844d4698d40c97a924e394279f864c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, молия, қарз, русия, рубл
вазир, молия, қарз, русия, рубл
Силуанов гуфт, то кай Русия қарзашро бо рубл пардохт хоҳад кард
19:30 13.03.2022 (Навсозишуда: 19:39 14.03.2022) Вазири молияи Русия дар шароите ки дороиҳои ин кишвар баста шудаанд, пардохти қарзҳо бо рублро аз рӯи адл хонд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Русия аз уҳдадориҳояш дар робита ба қарзи давлатӣ даст намекашад, онро бо рубл пардохт хоҳад кард, изҳор дошт вазири молияи ин кишвар Антон Силуанов.
Ӯ таъкид намуд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд.
"Захоири тилою асъорамон, аз ҷумла дар Хазинаи рифоҳи миллӣ баста шудаанд. Дар иҷрои уҳдадориҳоямон, бахусус қарз дучори мушкил шудем. Комилан аз рӯи адолат аст, вақте мегӯем, аз уҳдадориҳо даст намекашем, балки қарзро бо рубл пардохт мекунем", - изҳор дошт Силуанов дар шабакаи "Россия 1".
Ин дар ҳолест, ахиран дар Кремл изҳори бовар намуданд, ки дар Русия зарфияти кофӣ барои раҳоӣ аз вазъи мушкили иқтисодӣ фароҳам аст. Дар Русия вазъ ба дефолт ё худ касодшавии иқтисод нахоҳад расид, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ва аз пардохти қарзҳо бо рубл хабар дод.
Ахиран Кристалина Георгиева, роҳбари Хазинаи Байналмилалии Асъор дефолт ё худ касодшавии иқтисоди Русияро дар пасманзари таҳримоти эълоншуда аз эҳтимол дур надонист. Ба гуфтаи ӯ, "таҳримоти бесобиқа ин кишварро ба рукуд тела доданд".
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.
Бонки марказӣ дучори маҳдудиятҳо шуда, бархе аз бонкҳоро аз низоми SWIFT хориҷ карданд. Олмон расмисозии лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2"-ро қатъ намуд. ИМА ва кишварҳои Аврупо ҳарими ҳавоияшонро барои Русия бастанд ва даҳҳо ширкати маъруф бозори ин кишварро тарк намуданд.
Дар пасманзари ин Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро то 20%-и солона боло бурда, Вазорати молия тамоми содиркунандаҳоро муваззаф кард, ки 80%-и даромади асъорияшонро аз тиҷорати хориҷӣ ба фурӯш гузоранд, то қурби рублро ба эътидол оранд.
Мақомоти Русия ҳамчун чораи ҷавобӣ аз эҳтимоли миллӣ кардани ширкатҳое гуфтанд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолкунандагон нияти тарки бозори ин кишварро кардаанд.