https://sputnik.tj/20220313/rusiya-intikhobot-turkmanistonro-demokrati-1046752258.html
Намояндагони Русия интихобот дар Туркманистонро озоду демократӣ хонданд
Намояндагони Русия интихобот дар Туркманистонро озоду демократӣ хонданд
Sputnik Тоҷикистон
Нозирон аз Шӯрои Федератсияи Русия аз ҳудуди 20 нуқтаи овоздиҳӣ дар Туркманистон боздид кардаанд
2022-03-13T09:00+0500
2022-03-13T09:00+0500
2022-03-14T13:38+0500
осиёи марказӣ
сиёсат
туркманистон
шӯрои федератсия
нозирон
интихобот
демократӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045957730_0:0:3487:1961_1920x0_80_0_0_cddd7310ea6e76b1a272bb14f2fec960.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Туркманистон, ки рӯзи шанбе баргузор шуд, озод ва демократӣ буд, изҳор дошт Владимир Полетаев, роҳбари ҳайати нозирон аз Шӯрои Федератсия. Ӯ дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор доштааст, ки овоздиҳӣ бар асоси қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Вай илова намуд, ки ҳайат ҳанӯз бояд кори зиёдеро анҷом диҳад, додаҳо аз нозирони дигарро таҳлил намояд, аммо аллакай маълумоти пешакӣ нишон медиҳанд, ки интихобот тибқи меъёрҳои қонунгузории Туркманистон ва байналмилалӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи Полетаев, ҳайаташон аз миёни 2 ҳазору 577 нуқтаи нуқтаи овоздиҳӣ, ки дар ин кишвар фароҳам шуданд, аз зиёда аз 20 адад боздид карда, бо масъулин ва овоздиҳандагон суҳбатҳо анҷом дод. Бар асоси омори расмӣ, дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Туркманистон 97,12%-и интихобкунандагон ширкат доштанд. Мувофиқи Кодекси интихоботи Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз рӯзи ҳафтуми баъд аз интихобот натиҷаҳои онро эълон мекунад.Номзаде, ки бештар аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирифтааст, президент интихобшуда эълон карда мешавад.Шаҳрванди кишвар, ки дар қаламрави он таваллуд шуда, аз 40-сола поин набошад, забони давлатиро медонад, 15 соли охир дар ин кишвар ба таври доимӣ кору зиндагӣ мекунад, метавонад президенти Туркманистон интихоб шавад.Раисиҷумҳури Туркманистон мустақиман аз ҷониби мардуми кишвар ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад ва аз лаҳзаи савганд ёд карданаш ба кор шурӯъ мекунад. Маросими савгандёдкунии президенти нави кишвар 19 март баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220312/berdimuhammadov-prezident-siyosat-padar-1046743676.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045957730_352:0:3083:2048_1920x0_80_0_0_d28399d4b6d1905b1da149c331eb0150.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сенатор, русия, интихобот, туркманистон, демократӣ
сенатор, русия, интихобот, туркманистон, демократӣ
Намояндагони Русия интихобот дар Туркманистонро озоду демократӣ хонданд
09:00 13.03.2022 (Навсозишуда: 13:38 14.03.2022) Нозирон аз Шӯрои Федератсияи Русия аз ҳудуди 20 нуқтаи овоздиҳӣ дар Туркманистон боздид кардаанд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Туркманистон, ки рӯзи шанбе баргузор шуд, озод ва демократӣ буд, изҳор дошт Владимир Полетаев, роҳбари ҳайати нозирон аз Шӯрои Федератсия.
Ӯ дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор доштааст, ки овоздиҳӣ бар асоси қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифт.
"Ҳайати мо кори анҷомдодаро баланд баҳогузорӣ кард, ки интихоботи озоду демократӣ баргузор шуданд. Иштироки зиёд дар овоздиҳӣ далели ин гуфтаҳост", - таъкид намудааст сенатор.
Вай илова намуд, ки ҳайат ҳанӯз бояд кори зиёдеро анҷом диҳад, додаҳо аз нозирони дигарро таҳлил намояд, аммо аллакай маълумоти пешакӣ нишон медиҳанд, ки интихобот тибқи меъёрҳои қонунгузории Туркманистон ва байналмилалӣ сурат гирифт.
Ба гуфтаи Полетаев, ҳайаташон аз миёни 2 ҳазору 577 нуқтаи нуқтаи овоздиҳӣ, ки дар ин кишвар фароҳам шуданд, аз зиёда аз 20 адад боздид карда, бо масъулин ва овоздиҳандагон суҳбатҳо анҷом дод.
Бар асоси омори расмӣ, дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Туркманистон 97,12%-и интихобкунандагон ширкат доштанд.
Мувофиқи Кодекси интихоботи Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз рӯзи ҳафтуми баъд аз интихобот натиҷаҳои онро эълон мекунад.
Номзаде, ки бештар аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирифтааст, президент интихобшуда эълон карда мешавад.
Шаҳрванди кишвар, ки дар қаламрави он таваллуд шуда, аз 40-сола поин набошад, забони давлатиро медонад, 15 соли охир дар ин кишвар ба таври доимӣ кору зиндагӣ мекунад, метавонад президенти Туркманистон интихоб шавад.
Раисиҷумҳури Туркманистон мустақиман аз ҷониби мардуми кишвар ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад ва аз лаҳзаи савганд ёд карданаш ба кор шурӯъ мекунад. Маросими савгандёдкунии президенти нави кишвар 19 март баргузор мешавад.