https://sputnik.tj/20220313/orom-ozod-nozironi-idm-intikhobot-turkmaniston-1046755383.html
Шикояте нест: нозирони ИДМ интихоботи Туркманистонро озоду ором хонданд
Шикояте нест: нозирони ИДМ интихоботи Туркманистонро озоду ором хонданд
Sputnik Тоҷикистон
Нозирон аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мегӯянд, интихобот дар Туркманистон озод ва пуррақобат баргузор шуданд
2022-03-13T14:00+0500
2022-03-13T14:00+0500
2022-03-14T13:03+0500
туркманистон
интихобот
овоздиҳӣ
нозирон
идм
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102399/70/1023997083_0:0:1883:1059_1920x0_80_0_0_6c30f38e460f2e05aba74870dee64978.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ҳич шикояте дар мавриди нақзи қонунгузории интихоботӣ дар Туркманистон ворид нашудаст, изҳор дошт Леонид Анфимов, роҳбари ҳайати нозирони кишварҳои ИДМ. Ба иттилои Анфимов, ҳайати нозирон ҳанӯз аз охири моҳи феврал бо даъвати ҷониби Туркманистон омодагиҳо ба интихоботи президентиро назорат карданд. Роҳбари ҳайати нозирон аз ИДМ таъкид намуд, ки интихобот муташаккилона, ором, тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор гардид. "Ба иттилои ВУД Туркманистон, ягон қонуншикании марбут ба қонунгузории интихоботии кишвар сабт нашудааст. Ба ситоди нозирон низ ягон шикояте ворид нашудааст", - афзуд манбаъ. Ин дар ҳолест, ки нозирон аз Шӯрои Федератсияи Русия низ интихоботи президентӣ дар Туркманистонро, ки рӯзи шанбе баргузор шуд, озод ва демократӣ хонданд. Бар асоси омори расмӣ, дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Туркманистон 97,12%-и интихобкунандагон ширкат карданд.Мувофиқи Кодекси интихоботи Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз рӯзи ҳафтуми баъд аз интихобот натиҷаҳои онро эълон мекунад.Номзаде, ки бештар аз нисфи овозҳои интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирифтааст, президент мунтахаб эълон мешавад.Ҳар шаҳрванди ин кишвар, ки дар қаламрави он таваллуд шуда, аз 40-сола поин набошад, забони давлатиро донад ва 15 соли охир дар ин кишвар ба таври доимӣ кору зиндагӣ карда бошад, метавонад президенти Туркманистон интихоб шавад.Раисҷумҳури Туркманистон мустақиман аз ҷониби мардуми кишвар ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад ва аз лаҳзаи савганд ёд карданаш ба кор шуруъ мекунад. Маросими савгандёдкунии президенти нави ин кишвар 19 март баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220312/berdimuhammadov-prezident-siyosat-padar-1046743676.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102399/70/1023997083_236:0:1648:1059_1920x0_80_0_0_cd28454516ee5a8088dae41fed0f6a09.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳо, нозирон, интихобот, идм, туркманистон
баҳо, нозирон, интихобот, идм, туркманистон
Шикояте нест: нозирони ИДМ интихоботи Туркманистонро озоду ором хонданд
14:00 13.03.2022 (Навсозишуда: 13:03 14.03.2022) Нозирон аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мегӯянд, интихобот дар Туркманистон озод ва пуррақобат баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ҳич шикояте дар мавриди нақзи қонунгузории интихоботӣ дар Туркманистон ворид нашудаст, изҳор дошт Леонид Анфимов, роҳбари ҳайати нозирони кишварҳои ИДМ.
Ба иттилои Анфимов, ҳайати нозирон ҳанӯз аз охири моҳи феврал бо даъвати ҷониби Туркманистон омодагиҳо ба интихоботи президентиро назорат карданд.
"Мо вазифаҳоямонро озод, мустақил бар асоси меъёрҳои қонунгузории интихоботии Туркманистон, асноди ИДМ ва усулҳои бетарафии сиёсӣ, бе дахолат ба раванди интихобот ва эҳтироми мустақилияти давлат анҷом додем", - гуфт ӯ.
Роҳбари ҳайати нозирон аз ИДМ таъкид намуд, ки интихобот муташаккилона, ором, тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор гардид.
"Ба иттилои ВУД Туркманистон, ягон қонуншикании марбут ба қонунгузории интихоботии кишвар сабт нашудааст. Ба ситоди нозирон низ ягон шикояте ворид нашудааст", - афзуд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки нозирон аз Шӯрои Федератсияи Русия низ интихоботи президентӣ дар Туркманистонро, ки рӯзи шанбе баргузор шуд, озод ва демократӣ хонданд.
Бар асоси омори расмӣ, дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Туркманистон 97,12%-и интихобкунандагон ширкат карданд.
Мувофиқи Кодекси интихоботи Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз рӯзи ҳафтуми баъд аз интихобот натиҷаҳои онро эълон мекунад.
Номзаде, ки бештар аз нисфи овозҳои интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирифтааст, президент мунтахаб эълон мешавад.
Ҳар шаҳрванди ин кишвар, ки дар қаламрави он таваллуд шуда, аз 40-сола поин набошад, забони давлатиро донад ва 15 соли охир дар ин кишвар ба таври доимӣ кору зиндагӣ карда бошад, метавонад президенти Туркманистон интихоб шавад.
Раисҷумҳури Туркманистон мустақиман аз ҷониби мардуми кишвар ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад ва аз лаҳзаи савганд ёд карданаш ба кор шуруъ мекунад. Маросими савгандёдкунии президенти нави ин кишвар 19 март баргузор мешавад.