Ҳизбе дар Македония аз амалиёти Русия дар Украина дастгирӣ кард

Здание посольства России в Северной Македонии
Здание посольства России в Северной Македонии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Обуна шудан
Дар Македонияи Шимолӣ аъзои яке аз аҳзоб ба ҳимоят аз Русия ва амалиёти вижа дар Украина тазоҳуроти оммавӣ баргузор кард
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар Македония як иқдоми густардаи ҳимоят аз Русия ва амалиёти вижа дар Украина баргузор шуд. Онро ҷунбиши “Родина Македония” рӯзи 12 март дар назди сафорати Русия дар Скопе баргузор кард.
Эътирозгарон бо парчамҳои Русия ва Македония ва шиорҳои пуштибонӣ ба кӯчаҳои шаҳр баромаданд. Онҳо дар назди бинои намояндагии дипломатии Русия дар маркази Скопе ҷамъ омада, алайҳи пайвастани Македонияи Шимолӣ ба таҳримҳои зидди Русия изҳори назар карданд.
Ҳамчунин эътирозгарон таъқиби фарҳанги рус дар Ғарб ва сиёсати таҷовузкоронаи ИМА-ро маҳкум карда, вуруди ҷумҳурияшон ба НАТО-ро аз нигоҳи интиқодӣ арзёбӣ карданд.
Российские флаги и Катюша: как прошла многотысячная акция в сирийском Хомсе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Парчамҳои Русия ва "Катюша": ҷонибдории ҳазорҳо суриягӣ аз амалиёти вижаи Русия - видео
Сокинони Македония тазоҳуроти худро бо як лаҳза сукут ба хотири қурбонёни соли 2014 дар Украина оғоз намуданд.
Иштирокчиёни намоиш аксу видеоҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд. Онҳо инчунин қайд карданд, ки то чӣ андоза хомӯшии ҷомеаи Ғарб дар бораи ҷиноятҳои зидди башарият аз ҷониби миллатгароёни украинӣ даҳшатовар аст.
Бо назардошти он ки ин ҷиноятҳоро инструкторҳои ғарбӣ маблағгузорӣ мекунанд, дар давоми 8 соли охир барои марги 14 ҳазор нафар аз шаҳрвандони осоишта, ки 1 ҳазор нафарашон кӯдакон мебошанд, масъуланд.

"Иинқилоби норанҷӣ" дар Украина ба "инқилоби ранга" дар Македония, ки Ғарб анҷом додааст, шабеҳ аст ва ҳар ду аз ин "инқилоб"-ҳо ба нафъи дигарон сурат гирифтаанд", - афзуданд намояндагони ин ҳизб .

Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд".
Лентаи хабарҳо
0