https://sputnik.tj/20220313/chavushughli-putin-muloqot-zelenskiy-1046761634.html
Чавушӯғлу: Путин мухолифи мулоқот бо Зеленский нест
Чавушӯғлу: Путин мухолифи мулоқот бо Зеленский нест
Sputnik Тоҷикистон
Кремл низ имкони мулоқоти президентҳои Русия ва Украинаро рад намекунад, аммо барои ин кишвар рӯзнома ва натоиҷи мулоқот зарур аст
2022-03-13T19:00+0500
2022-03-13T19:00+0500
2022-03-14T12:45+0500
туркия
мавлуд чавушӯғлӣ
владимир путин
владимир зеленский
сиёсат
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:0:3015:1696_1920x0_80_0_0_3b499f7f3661d6737fd46c4a5c793211.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин мулоқот бо раисҷумҳури Украина Владимир Зеленскийро имконпазир медонад. Дар ин бора вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Чавушӯғлу иттилоъ додБа гуфтаи Чавушӯғлу, Туркия барои ташкили музокироти раҳбарони ду кишвар талош мекунад. Илова бар ин вай дар мулоқоти ҳайатҳои Беларус дар баъзе мавқеъҳо наздик шудани Маскав ва Киевро қайд кард.Қаблан Михаил Подоляк, мушовири раиси дафтари раисҷумҳури Украина гуфта буд, ки Маскав ва Киев дар музокирот ба созиш наздик мешаванд.Ба гуфтаи ӯ, ширкаткунандагони муколама ба таҳияи қарордодҳое шуруъ кардаанд, ки ҷузъиёти онҳо то ҳол ифшо нашудааст.Дар ҳамин ҳол сухангӯи Кремл Дмитрий Песков низ таъкид кард, ки Маскав мулоқоти эҳтимолии Путин ва Зеленскийро рад намекунад. Аммо Русия ба рӯзномаи худ ва натиҷаи интизории он ниёз дорад.Киев ахиран хостори музокироти мустақими руасои ҷумҳурии Русия ва Украина шуд. Ҳамзамон Зеленский омодааст, бо Путин тавассути миёнаравҳои байналмилалӣ гуфтугӯ кунад.
https://sputnik.tj/20220313/turkiya-tahrim-rusiya-dast-kashid-1046758895.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:120:2427:1940_1920x0_80_0_0_61586e6c83c6e116ccafa52163dbf4a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин зеленский мулоқот чавушӯғлӣ
путин зеленский мулоқот чавушӯғлӣ
Чавушӯғлу: Путин мухолифи мулоқот бо Зеленский нест
19:00 13.03.2022 (Навсозишуда: 12:45 14.03.2022) Кремл низ имкони мулоқоти президентҳои Русия ва Украинаро рад намекунад, аммо барои ин кишвар рӯзнома ва натоиҷи мулоқот зарур аст
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин мулоқот бо раисҷумҳури Украина Владимир Зеленскийро имконпазир медонад. Дар ин бора вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Чавушӯғлу иттилоъ дод
"Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон раҳбари Русия Владимир Путин гуфт, ки мухолифи мулоқот бо Зеленский нест".
Ба гуфтаи Чавушӯғлу, Туркия барои ташкили музокироти раҳбарони ду кишвар талош мекунад. Илова бар ин вай дар мулоқоти ҳайатҳои Беларус дар баъзе мавқеъҳо наздик шудани Маскав ва Киевро қайд кард.
Қаблан Михаил Подоляк, мушовири раиси дафтари раисҷумҳури Украина гуфта буд, ки Маскав ва Киев дар музокирот ба созиш наздик мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, ширкаткунандагони муколама ба таҳияи қарордодҳое шуруъ кардаанд, ки ҷузъиёти онҳо то ҳол ифшо нашудааст.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Кремл Дмитрий Песков низ таъкид кард, ки Маскав мулоқоти эҳтимолии Путин ва Зеленскийро рад намекунад. Аммо Русия ба рӯзномаи худ ва натиҷаи интизории он ниёз дорад.
Киев ахиран хостори музокироти мустақими руасои ҷумҳурии Русия ва Украина шуд. Ҳамзамон Зеленский омодааст, бо Путин тавассути миёнаравҳои байналмилалӣ гуфтугӯ кунад.