https://sputnik.tj/20220312/tojikon-ukraina-khorij-dushanbe-1046733729.html
Гурӯҳи дуюми тоҷикони аз Украина беруншуда ба Душанбе расиданд
Гурӯҳи дуюми тоҷикони аз Украина беруншуда ба Душанбе расиданд
Sputnik Тоҷикистон
Зиёда аз сад шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳавопаймои вижа аз Лаҳистон, ки қаблан аз қаламрави Украина хориҷ шуда буданд, ба ватан баргаштанд
2022-03-12T08:37+0500
2022-03-12T08:37+0500
2022-03-14T20:35+0500
дар тоҷикистон
душанбе
украина
интиқол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833251_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_e34cbddc61aee0a75f9e3beea4fc30eb.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Парвози дувум бо шаҳрвандони Тоҷикистон аз Лаҳистон вориди Тоҷикистон шуд, ки пештар аз хоки Украина ба ин мамлакат кӯчонда шуда буданд, хабар медиҳад "Ховар".Ҳавопаймо шоми 11 март дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад, ки аз тариқи он як гурӯҳи 117-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан интиқол ёфтанд. То 11 март дар маҷмуъ 303 нафар, аз ҷумла занон, пиронсолон ва кӯдакон ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки субҳи рӯзи ҷумъа нахустин гурӯҳи 186-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Варшава ба Душанбе омад, ки ба далели ташдиди вазъ марзи байни Украина ва Лаҳистонро убур карда буданд.Зимнан зикр гардид, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки асноди тасдиқкунанда надоштанд, кормандони сафорати Тоҷикистон дар фурудгоҳи Лаҳистон шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан додаанд.Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Олмон, беш аз 1,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистон кӯч бастаанд. Қаблан дар Украина ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 101 нафар донишҷӯ ба сар мебурданд.
https://sputnik.tj/20220311/javon-tojik-kiev-zakhmi-1046708365.html
душанбе
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833251_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_27548a9c4cac24070a9af1ff62a1c980.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикон украина душанбе интиқол
тоҷикон украина душанбе интиқол
Гурӯҳи дуюми тоҷикони аз Украина беруншуда ба Душанбе расиданд
08:37 12.03.2022 (Навсозишуда: 20:35 14.03.2022) Зиёда аз сад шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳавопаймои вижа аз Лаҳистон, ки қаблан аз қаламрави Украина хориҷ шуда буданд, ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Парвози дувум бо шаҳрвандони Тоҷикистон аз Лаҳистон вориди Тоҷикистон шуд, ки пештар аз хоки Украина ба ин мамлакат кӯчонда шуда буданд, хабар медиҳад "Ховар".
Ҳавопаймо шоми 11 март дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад, ки аз тариқи он як гурӯҳи 117-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан интиқол ёфтанд.
"Гурӯҳи дигари 117-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз қаламрави Украина ба Лаҳистон гузашта буданд, бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд", — омадааст дар хабар.
То 11 март дар маҷмуъ 303 нафар, аз ҷумла занон, пиронсолон ва кӯдакон ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки субҳи рӯзи ҷумъа нахустин гурӯҳи 186-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Варшава ба Душанбе омад, ки ба далели ташдиди вазъ марзи байни Украина ва Лаҳистонро убур карда буданд.
Зимнан зикр гардид, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки асноди тасдиқкунанда надоштанд, кормандони сафорати Тоҷикистон дар фурудгоҳи Лаҳистон шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан додаанд.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Олмон, беш аз 1,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистон кӯч бастаанд. Қаблан дар Украина ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 101 нафар донишҷӯ ба сар мебурданд.