То ҳол вобастагии Тоҷикистон аз воридоти гандум идома дорад

© Sputnik / Амир ИсаевМешки с мукой
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон тақрибан тақрибан 50 дарсади ниёзи худ ба гандумро таъмин ва боқимондаро аз хориҷ ворид мекунад
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Майдони кишти ғалла дар ҷумҳурӣ кариб 310 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ ҳар сол наздик ба 900 ҳазор тонна гандум истеҳсол мекунанд, ки ин ҳаҷм талаботи аҳолиро пурра қонеъ карда наметавонад.
Тибқи омор, соли гузашта дар кишвар 876,1 ҳазор тонна гандум рӯёнда шудааст. Дар ин муддат 1 миллиону 28,1 ҳазор тонна аз ин зироат ворид карда шудааст. Ҳаҷми воридоти гандум беш аз 265,8 миллион долларро ташкил дод.
Мақомоти дахлдор иддао доранд, ки то имрӯз тақрибан 90 дарсади талаботи дохилии Тоҷикистон ба орд аз ҳисоби истеҳсоли (коркард) дохилӣ таъмин мешавад.
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Нархи орд дар Тоҷикистон гарон шуд
Дар соли 2021 дар кишвар 828 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст. Илова бар ин 56,7 ҳазор тонна орд ба маблағи беш аз 16,1 миллион доллар ворид шудааст.
Як рӯз пеш як қатор кишварҳо – истеҳсолкунандагони бузурги гандум тасмим гирифтанд, ки содироти ғалларо муваққатан манъ кунанд. Сербия ва Русия аз ҷумлаи ин кишварҳоянд. Ин мамнуъият ба содироти орди гандум, ҷуворимакка, шакар ва рӯғани растанӣ дахл дорад.
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон нархи орд ба таври назаррас боло рафтааст. Агар се-чор рӯз пеш як халта орди 50-килоӣ дар бозорҳо бо маблағи 275-280 сомонӣ харидорӣ карда мешуд, ҳоло истеъмолкунанда маҷбур мешавад, ки барои як халта орд 320-330 сомонӣ масраф кунанд.
Лентаи хабарҳо
0