https://sputnik.tj/20220312/tojikiston-larzid-markazi-zaminlarza-1046736485.html
Тоҷикистон шабона ларзид: маркази заминларза куҷо буд
Тоҷикистон шабона ларзид: маркази заминларза куҷо буд
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон заминларзаро эҳсос кардаанд 12.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-12T11:50+0500
2022-03-12T11:50+0500
2022-03-14T20:10+0500
заминларза
дар тоҷикистон
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_2ea85e3a2d11876e22f695b2574f6e20.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар— Sputnik. Шаби 12 март дар Тоҷикистон заминларза рух дод. Дар ин бора маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, заминларза шаби 12 март соати 01:52 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.Координатаҳои заминҷунбӣ: 37,39 градус арзи шимолӣ; 71,9 градус тӯли шарқӣ будааст.Маркази зилзила дар умқи 188-километрӣ воқеъ буд, афзуд манбаъКумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар бораи талафот ва хисорот иттилоъ надодааст. Қаблан Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон гуфта буд, ки Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи манотиқи аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором дохиланд, ва аз ин рӯ ларзишҳои замин дар ин кишварҳо аксаран як падида аст.Ёдовар мешавем, ки охирин ҳолати заминларза дар кишвар оғози моҳи ҷорӣ сабт шуда буд.
https://sputnik.tj/20220205/zaminjunbi-afghoniston-dushanbe-1045522256.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_205:0:2817:1959_1920x0_80_0_0_6e712dc3ea28fccd8604b9889a840ee4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
заминларза, дар тоҷикистон, кҳф
заминларза, дар тоҷикистон, кҳф
Тоҷикистон шабона ларзид: маркази заминларза куҷо буд
11:50 12.03.2022 (Навсозишуда: 20:10 14.03.2022) Сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон заминларзаро эҳсос кардаанд
ДУШАНБЕ, 12 мар— Sputnik. Шаби 12 март дар Тоҷикистон заминларза рух дод. Дар ин бора маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, заминларза шаби 12 март соати 01:52 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
"Қувваи ларзиши замин 5,2 дараҷа буд", - гуфтанд сейсмологҳо.
Координатаҳои заминҷунбӣ: 37,39 градус арзи шимолӣ; 71,9 градус тӯли шарқӣ будааст.
Маркази зилзила дар умқи 188-километрӣ воқеъ буд, афзуд манбаъ
Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар бораи талафот ва хисорот иттилоъ надодааст.
Қаблан Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон гуфта буд, ки Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи манотиқи аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором дохиланд, ва аз ин рӯ ларзишҳои замин дар ин кишварҳо аксаран як падида аст.
Ёдовар мешавем, ки охирин ҳолати заминларза дар кишвар оғози моҳи ҷорӣ сабт шуда буд.