https://sputnik.tj/20220312/tojikiston-belarus-mahsuloti-kishovarzi-shiri-vorid-1046742959.html
Тоҷикистон мехоҳад, аз Беларус маҳсулоти кишоварзӣ ва ширӣ ворид кунад
Тоҷикистон мехоҳад, аз Беларус маҳсулоти кишоварзӣ ва ширӣ ворид кунад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Беларус масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши кишоварзӣ баррасӣ карданд
2022-03-12T17:35+0500
2022-03-12T17:35+0500
2022-03-14T17:07+0500
дар тоҷикистон
беларус
кишоварзӣ
маҳсулоти ширӣ
воридот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102152/68/1021526853_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7ca6b54c6ea80279ba6e4d05954c984f.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ахиран дар дидори Саъдӣ Каримзода, вазири кишварзӣ бо Виктор Денисенко сафири Беларус дар Тоҷикистон масъалаи воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои кишвар баррасӣ шуд.Тавре дафтари матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, дар ин дидор тарафҳо тавсъаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар арсаи кишоварзиро низ баррасӣ карданд.Аз ҷумла гуфта шудааст, тарафҳо масоили воридоти маҳсулоти ширӣ, тухмии картошкаи хушсифат, чорво, қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ аз Беларусро баррасӣ карданд.Ҷонибҳо ҳамчунин имкони таъсиси корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Беларус барои коркарди маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ низ карданд.Қайд карда шудааст, ки дар ин дидор масоили баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ дар умури ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ дар доираи намоишгоҳи байналмилалии “БелАгро” баргузор мешавад, баррасӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20220310/tojikiston-narkhi-mahsulot-ghizoi-garon-1046664677.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102152/68/1021526853_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_27dc9b3d3112cbee3e804a39fda5ce89.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, беларус, шир, маҳсулоти кишоварзӣ, воридот
тоҷикистон, беларус, шир, маҳсулоти кишоварзӣ, воридот
Тоҷикистон мехоҳад, аз Беларус маҳсулоти кишоварзӣ ва ширӣ ворид кунад
17:35 12.03.2022 (Навсозишуда: 17:07 14.03.2022) Тоҷикистону Беларус масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши кишоварзӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ахиран дар дидори Саъдӣ Каримзода, вазири кишварзӣ бо Виктор Денисенко сафири Беларус дар Тоҷикистон масъалаи воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои кишвар баррасӣ шуд.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, дар ин дидор тарафҳо тавсъаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар арсаи кишоварзиро низ баррасӣ карданд.
Аз ҷумла гуфта шудааст, тарафҳо масоили воридоти маҳсулоти ширӣ, тухмии картошкаи хушсифат, чорво, қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ аз Беларусро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин имкони таъсиси корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Беларус барои коркарди маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ низ карданд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин дидор масоили баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ дар умури ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ дар доираи намоишгоҳи байналмилалии “БелАгро” баргузор мешавад, баррасӣ шудааст.