Борону жола ва раъду барқ мешавад: пешгӯии обуҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкПрохожие у цветущих деревьев в парке
Прохожие у цветущих деревьев в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон давоми чаҳор рӯзи оянда ҳавои номусоид боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Оҷонсии ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, аз 12 то 16 март дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, бориш дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳ асосан дар намуди борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар намуди борон-барф ва дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест,
Ин ниҳод дар ВМКБ ҳавои қисман абрнок, бориши борону барф ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддатро пешгӯӣ мекунад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5, рӯзона 9-14 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14, рӯзона 14-19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Ласточка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Марти мисли баҳори ҳудуди 40 сол пеш: сокинони Тоҷикистонро баҳори серун интизор аст
Хатлониёнро ҳавои қисман абрнок интизор буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ва раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 12-18, рӯзона 21-26 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5-10, рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барфи тар, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур набуда, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 дараҷа гарм, рӯзона 17-22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 8-10 дараҷа гарм, рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0