Аввалин ҳавопаймо бо тоҷикони аз Украина интиқолёфта дар Душанбе нишаст

© Sputnik / Стас ЭтвешСамолет идет на посадку в Душанбе
Самолет идет на посадку в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Тоҷикистониёнро ҳавопаймоии лаҳистонӣ ба Ватан интиқол додааст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз тариқи як тайёраи лаҳистонӣ аз шаҳри Варшава ба Душанбе интиқол ёфтанд. Ин тайёра соати 8-у 10 дақиқаи субҳи 11 март дар фурудгоҳи Душанбе нишаст. Худи ҳамин рӯз анҷоми як парвози дигар низ дар назар аст.
Дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи мувофиқаҳои қаблӣ бо ҷониби Лаҳистон, 10 марти соли равон, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ як парвози чартерӣ аз Варшава ба Душанбе барномарезӣ шуд.
“Ҳавопаймои ширкати лаҳистонии “Enter Air” ҳомили 186 мусофир, ки умдатан кӯдакон ва занон мебошанд, дар вақти муайяншуда аз фурудгоҳи Варшава ба самти Душанбе парвоз кард ва аввалин интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Лаҳистонро анҷом дод”, - гуфт манбаъ.
Бино ба он, расмиёти қабулу гусели мусофирон дар Фурудгоҳи байналмилалии Варшава ба номи Фредерик Шопен (Warsaw Frederic Chopin Airport) дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Лаҳистон мутобиқи рӯйхати тартибдодаи намояндагии дипломатӣ анҷом дода шуд.
“Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият надоштанд, аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар худи фурудгоҳ шаҳодатномаҳои бозгашт ба Ватан таҳия шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Варшава аз сӯйи дипломатҳои тоҷикистонӣ роҳнамоӣ шуданд”, - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ мегӯяд, парвози навбатӣ ҷиҳати интиқоли бақия шаҳрвандон аз Варшава ба Душанбе субҳи 11 марти соли 2022 дар назар гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0