Барф, борон, раъду барқ, жола ва 25 дараҷа гармӣ: баҳори Тоҷикистон армуғон дорад

© Sputnik Цветение миндаля, Душанбе
Цветение миндаля, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Тоҷикистониёнро рӯзҳои гарми истироҳатӣ интизор аст. Сарфи назар аз боришот рӯзҳои 12 ва 13 март ҳарорати миёнаи ҳаво беш аз 20 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар рӯзҳои истироҳат ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ ​​дар назар аст ва дар баъзе ҷойҳо жола меборад.
Дар ин бора Ожонси уҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.
Дар Душанбе рӯзи 12 март борони кӯтоҳмуддат мебораду раъду барқ ​​мешавад, ҳаво асосан абрнок шуда, рӯзона то +22 дараҷа ва шабона 6-8 дараҷа гарм мешавад.
Шоми якшанбе рӯзона ҳарорати ҳаво 16 дараҷа мешавад.
Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ чунин обу ҳаво ва вазидани бод то 910 метр дар як сония ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф аз эҳтимол дур нест. Ҳаво шабона -2+3 дараҷа, рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд сар аз шоми ҷумъа раъду барқ ​​оғоз шуда, ҳадди аксари боришот рӯзи шанбе дар сатҳи 10,6 мм дар назар аст.
Ҳаво дар шаҳри Хуҷанд рӯзона 13-18 дараҷа гарм, шабона 8 дараҷа ва дар кӯҳҳо шабона то 3 дараҷа ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боришоти зиёд пешбинӣ шудааст. Бод то 16 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарб шабона -2...+3 дараҷа ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи ВМКБ шабона то 15-20 дараҷа ва рӯзона -1...4 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо башиддат борида, раъду барқ ба амал меояд ва жола меборад.
Ҳарорати ҳаво 12 март то 25 ва шабона то 14 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои доманакӯҳҳо шабона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0