https://sputnik.tj/20220311/smm-khatar-gurusnagi-jahon-1046728671.html
СММ аз хатари қаҳтӣ дар саросари ҷаҳон ҳушдор дод
СММ аз хатари қаҳтӣ дар саросари ҷаҳон ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Пирӣ дар бораи хатари гуруснагӣ дар ҷаҳон бар асари низоъ дар Украина сухан гуфт
2022-03-11T22:00+0500
2022-03-11T22:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
смм
дар ҷаҳон
орд
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101871/24/1018712473_0:296:3077:2027_1920x0_80_0_0_a4fd3d4b57ef756c235cc46ec8f70549.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Муноқиша дар Украина метавонад ба болоравии қимати ғизо ва гуруснагии сартосарӣ оварда расонад.Дар ин бора, сухангӯи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Томсон Пирӣ рӯзи ҷумъа дар брифинг гуфт."Ҳавзаи баҳри Сиёҳ, ки ҳамчун сабади нони Аврупо маъруф аст, яке аз муҳимтарин минтақаҳои тавлиди ғалла ва маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор меравад. 30% содироти гандум, 20% содироти ҷуворимакка ба Украина ва Русия рост меояд. Аз ин рӯ ҳар гуна халалдоршавӣ дар истеҳсолот ё таъминот метавонад нархҳоро боло барад ва ба миллионҳо одамоне, ки аллакай аз таварруми баланди ғизо дар кишварҳои худ осеб дидаанд, таъсир расонад”, - гуфт ӯ. Болоравии нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ инчунин ба хароҷоти фаъолиятҳои Барномаи ҷаҳонии озуқа, ки аз соли 2019 аз сабаби пандемия ва таваррум дар ҷаҳон аллакай 50% афзоиш ёфтааст, таъсир мерасонад.Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аллакай бар асари болоравии қурби доллар нархи маводи аввалия якбора боло рафт.Пеш аз ҳама нархи орд, шакар ва рӯған гарон шуд:
https://sputnik.tj/20220310/tojikiston-narkhi-mahsulot-ghizoi-garon-1046664677.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101871/24/1018712473_346:0:3077:2048_1920x0_80_0_0_daef593b982063003102eaa494220c69.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм, хатари гуруснагӣ,
СММ аз хатари қаҳтӣ дар саросари ҷаҳон ҳушдор дод
22:00 11.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Сухангӯи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар бораи хатари гуруснагӣ дар ҷаҳон бар асари низоъ дар Украина ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Муноқиша дар Украина метавонад ба болоравии қимати ғизо ва гуруснагии сартосарӣ оварда расонад.
Дар ин бора, сухангӯи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Томсон Пирӣ рӯзи ҷумъа дар брифинг гуфт.
"Ҳавзаи баҳри Сиёҳ, ки ҳамчун сабади нони Аврупо маъруф аст, яке аз муҳимтарин минтақаҳои тавлиди ғалла ва маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор меравад. 30% содироти гандум, 20% содироти ҷуворимакка ба Украина ва Русия рост меояд. Аз ин рӯ ҳар гуна халалдоршавӣ дар истеҳсолот ё таъминот метавонад нархҳоро боло барад ва ба миллионҳо одамоне, ки аллакай аз таварруми баланди ғизо дар кишварҳои худ осеб дидаанд, таъсир расонад”, - гуфт ӯ.
Болоравии нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ инчунин ба хароҷоти фаъолиятҳои Барномаи ҷаҳонии озуқа, ки аз соли 2019 аз сабаби пандемия ва таваррум дар ҷаҳон аллакай 50% афзоиш ёфтааст, таъсир мерасонад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аллакай бар асари болоравии қурби доллар нархи маводи аввалия якбора боло рафт.
Пеш аз ҳама нархи орд, шакар ва рӯған гарон шуд: