Русия содироти ғалла ба кишварҳои Авруосиёро манъ кард

© Sputnik / Артем Креминский / Гузариш ба медиабонкУборка зерновых.
Уборка зерновых. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Вазорати рушди иқтисоди Русия мегӯяд, бар асоси пешниҳоди Вазорати кишоварзӣ содироти ғалла ба кишварҳои Авруосиёро муваққатан манъ шудааст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Вазорати рушди иқтисоди Русия эълом кард, ки бо қарори Зеркумитаи гумрук, содироти ғалладонагӣ аз Федератсияи Русия ба кишварҳои Авруосиё муваққатан манъ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, қарори мазкур то 31 августи соли 2022 эътибор дорад.
Вазорат афзуд, ин тасмим бар асоси пешниҳоди Вазорати кишоварзии Русия гирифта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ин мамнуъият марбути содироти гандум, ҷав, ҷавдор, ҷуворимакка аст.
Ҳамзамон гуфта мешавад, Ҳукумати Русия феҳристи молу таҷҳизоти қаблан аз хориҷ ба Русия воридшударо муайян кард, ки муваққатан содироти онҳо аз ин кишвар мамнуъ аст.
 Рабочие на строительной площадке газопровода Северный поток — 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
"Ба фоҷеа рӯ ба рӯ мешавем". Таҳримҳои зиддирусӣ ба Аврупову Чин лозиманд?
"Ба рӯйхат таҷҳизоти технологӣ, телекоммуникатсионӣ, тиббӣ, воситаҳои нақлиёт, мошинҳои кишоварзӣ, таҷҳизоти барқӣ – дар маҷмуъ беш аз 200 номгӯй, аз ҷумла вагонҳо ва локомотивҳо, контейнерҳо, турбинаҳо, мошинҳои коркарди металлу санг, мониторҳо, проекторҳо, консолҳо ва панелҳо дохил мешаванд. Ин тадбир барои таъмини субот дар бозори Русия зарур аст”, - гуфта мешавад дар изҳорот.
Содироти ин молҳо ба истиснои кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (ЕАО), Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ ба дигар кишварҳо муваққатан мамнуъ шудааст.
Нисбат ба ин кишварҳо тартиби иҷозати содирот, ки бо қарори алоҳидаи ҳукумат тасдиқ шудааст, татбиқ мешавад.
Иҷозат барои содироти мол ба кишварҳои ИА, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва савдо, Вазорати рушди рақамӣ ва Вазорати захираҳои табиӣ дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0