https://sputnik.tj/20220311/rakhmon-makron-barqiya-1046703184.html
Раҳмон ва Макрон ба ҳамдигар барқия фиристоданд: сарони ду кишвар аз чӣ гуфтанд?
Раҳмон ва Макрон ба ҳамдигар барқия фиристоданд: сарони ду кишвар аз чӣ гуфтанд?
Sputnik Тоҷикистон
Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Фаронса дар остонаи 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ ба ҳамдигар паёмҳои муҳим ирсол карданд
2022-03-11T10:16+0500
2022-03-11T10:16+0500
2022-03-11T12:20+0500
эмомалӣ раҳмон
эммануэл макрон
фаронса
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042821336_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_ea4e9746be85d261724dc47053a7659c.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Миёни раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии сарвари давлат. Сарони ду кишвар ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо табрик гуфтанд.Раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, тавсеа ва таҳкими минбаъдаи равобиту ҳамкорӣ бо Фаронса яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ мебошад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ҷидду ҷаҳди якҷоя натиҷаҳои самарабахш хоҳад дод ва ба роҳбари Фаронса саломатию муваффақиятҳои нав, ба халқи дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзу намуд. Дар навбати худ Макрон инчунин ба Раҳмон барои тамоми талошҳо баҳри рушди муносибатҳои байни давлатҳо, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг изҳори сипос кард.Вай ёдовар шуд, ки намоиши "Тоҷикистон — мамлакати дарёҳои тилоӣ" дар осорхонаи ба номи Гимети санъати Осиё дар Париж бо муваффақияти калон гузашт. Ба гуфтаи ӯ, ин аз фаъолияти тӯлонии ду намояндагии бостоншиносии Фаронса дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳои хеле хуб дар ин замина шаҳодат медиҳад.Макрон ҳамчунин дар барқияаш хостори идомаи муколамаи стратегӣ оид ба вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, ки қаблан оғоз бахшида буданд, шудааст. Ӯ гуфтааст, ки Фаронса суботи минтақаиро дар Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим медонад.
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042821336_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_780c4cbb8e99244a659cab7f080cde30.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон макрон барқия фиристоданд
раҳмон макрон барқия фиристоданд
Раҳмон ва Макрон ба ҳамдигар барқия фиристоданд: сарони ду кишвар аз чӣ гуфтанд?
10:16 11.03.2022 (Навсозишуда: 12:20 11.03.2022) Раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Фаронса дар остонаи 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ ба ҳамдигар паёмҳои муҳим ирсол карданд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Миёни раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии сарвари давлат.
Сарони ду кишвар ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо табрик гуфтанд.
"Мо аз рушди пайвастаи муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди кишварҳоямон, ки дар ин давра ҷанбаҳои нави созанда касб кардаанд, қаноатмандем", - омадааст дар изҳороти Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, тавсеа ва таҳкими минбаъдаи равобиту ҳамкорӣ бо Фаронса яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ мебошад.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ҷидду ҷаҳди якҷоя натиҷаҳои самарабахш хоҳад дод ва ба роҳбари Фаронса саломатию муваффақиятҳои нав, ба халқи дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзу намуд.
Дар навбати худ Макрон инчунин ба Раҳмон барои тамоми талошҳо баҳри рушди муносибатҳои байни давлатҳо, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг изҳори сипос кард.
"Ман шодам, ки дар соли равон мубодилаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии мо, аз ҷумла ба шарофати сафари Шумо ба Париж дар моҳи октябр вусъат ёфт", - гуфта мешавад дар барқияи шодбошӣ.
Вай ёдовар шуд, ки намоиши "Тоҷикистон — мамлакати дарёҳои тилоӣ" дар осорхонаи ба номи Гимети санъати Осиё дар Париж бо муваффақияти калон гузашт.
Ба гуфтаи ӯ, ин аз фаъолияти тӯлонии ду намояндагии бостоншиносии Фаронса дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳои хеле хуб дар ин замина шаҳодат медиҳад.
Макрон ҳамчунин дар барқияаш хостори идомаи муколамаи стратегӣ оид ба вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, ки қаблан оғоз бахшида буданд, шудааст.
Ӯ гуфтааст, ки Фаронса суботи минтақаиро дар Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим медонад.