https://sputnik.tj/20220311/putin-peshraft-guftushunid-ukraina-1046719608.html
Президенти Русия аз пешрафтҳое дар гуфтушунид бо Украина гуфт
Президенти Русия аз пешрафтҳое дар гуфтушунид бо Украина гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия мегӯяд, музокирот бо Украина феълан тақрибан ҳамарӯза сурат гирифта истодаанд
2022-03-11T18:20+0500
2022-03-11T18:20+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сиёсат
путин
александр лукашенко
музокирот
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046186192_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_1942bbee17726856bb3886808700572e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар музокирот бо Украина пешрафтҳои муайяне ҳосил шудаанд, изҳор дошт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко. Путин мегӯяд, ҳайати Русия ба ӯ гузориш дод, ки дастовардҳое дар гуфтушунидҳо мавҷуданд. "Ман, албатта, шуморо бо вазъ дар Украина шинос хоҳам кард, пеш аз ҳама дар мавриди музокирот, ки айни ҳол тақрибан ҳамарӯза сурат мегирад. Он ҷо натоиҷи муайяне ба даст омадааст. Дар ин бора музокиракунандагон аз ҷониби мо хабар доданд. Ман муфассал дар ин бора ба шумо нақл хоҳам кард", - гуфт президенти Русия. Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия, ки роҳбарии ҳайати ин кишвар дар музокирот бо Украинаро ба уҳда дорад, ахиран гуфт, умедвор аст, дар масъалаи Қрим ва Донбасс роҳи ҳаллро пайдо хоҳанд кард. Барои Русия эътирофи Қрим ва ҷумҳуриҳои Донбасс аҳамияти аввалиндараҷа дорад, изҳор дошта буд Мединский. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина низ дар суҳбат бо расонаҳо масоили марбут ба Қрим ва Донбассро қобили баррасӣ хонда, муҳим донистааст, ки роҳи муросо пайдо шавад. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран изҳор дошт, ки амалиёти низомӣ дар Украина метавонад "дар як лаҳза" қатъ шавад, дар сурате агар Киев шартҳои Маскавро иҷро намояд. Ӯ дар феҳрасти шартҳо эътирофи Қрим чун қаламрави Русия, розигии Киев бо мустақилияти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва сабти мақоми ғайриблокии Украина дар қонунгузориро зикр кардааст.
https://sputnik.tj/20220311/shart-nazorat-mariupol-1046711358.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046186192_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_60664c0ed183dffe01a45e01458830a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раисҷумҳур, русия, музокирот, пешрафтҳо
раисҷумҳур, русия, музокирот, пешрафтҳо
Президенти Русия аз пешрафтҳое дар гуфтушунид бо Украина гуфт
18:20 11.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Раисҷумҳури Русия мегӯяд, музокира бо Украина феълан тақрибан ҳамарӯза сурат гирифта истодааст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар музокирот бо Украина пешрафтҳои муайяне ҳосил шудаанд, изҳор дошт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко.
Путин мегӯяд, ҳайати Русия ба ӯ гузориш дод, ки дастовардҳое дар гуфтушунидҳо мавҷуданд.
"Ман, албатта, шуморо бо вазъ дар Украина шинос хоҳам кард, пеш аз ҳама дар мавриди музокирот, ки айни ҳол тақрибан ҳамарӯза сурат мегирад. Он ҷо натоиҷи муайяне ба даст омадааст. Дар ин бора музокиракунандагон аз ҷониби мо хабар доданд. Ман муфассал дар ин бора ба шумо нақл хоҳам кард", - гуфт президенти Русия.
Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия, ки роҳбарии ҳайати ин кишвар дар музокирот бо Украинаро ба уҳда дорад, ахиран гуфт, умедвор аст, дар масъалаи Қрим ва Донбасс роҳи ҳаллро пайдо хоҳанд кард. Барои Русия эътирофи Қрим ва ҷумҳуриҳои Донбасс аҳамияти аввалиндараҷа дорад, изҳор дошта буд Мединский.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина низ дар суҳбат бо расонаҳо масоили марбут ба Қрим ва Донбассро қобили баррасӣ хонда, муҳим донистааст, ки роҳи муросо пайдо шавад.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран изҳор дошт, ки амалиёти низомӣ дар Украина метавонад "дар як лаҳза" қатъ шавад, дар сурате агар Киев шартҳои Маскавро иҷро намояд. Ӯ дар феҳрасти шартҳо эътирофи Қрим чун қаламрави Русия, розигии Киев бо мустақилияти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва сабти мақоми ғайриблокии Украина дар қонунгузориро зикр кардааст.