Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ҶХЛ: Низомиёни украинӣ пулҳоро аз паси худ тахрибу барқро хомӯш карданд

© Sputnik / Ivan Rodionov / Гузариш ба медиабонкГраната РГД на оставленных позициях украинской армией
Граната РГД на оставленных позициях украинской армией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Луганск мегӯяд, артиши Украина пулҳоро пас аз гузаштан аз онҳо метарконданд ва нерӯи барқу газро хомӯш мекарданд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Низомиёни украинӣ қаламравҳои ишғолшудаи ҶХЛ-ро тарк ва пулҳоро тарконданд ва интиқоли нерӯи барқу газро қатъ карданд.
"Ҳоло мо кӯшиш мекунем, ки ба мардуми сарзаминҳои озодшуда кумаки башардӯстона расонем. Зеро артиши Украина рафт, барқро хомӯш карданд, қубурҳои газро бурида, ҳамаи мағозаҳоро ғорат карданд. Ҳама пулҳо шикаста шуданд, ҳамаи дорухонаҳо хароб шуданд, яъне усули ҷанги таҷовузкорона", - гуфт ӯ.
Бар замми ин истифодаи сипарҳои зинда, ки Конвенсияи Женева манъ кардааст, афзуд муовини вазири корҳои хориҷии ҶХЛ дар мизи мудаввари хабаргузории "Россия сегодня" дар мавзуи Додгоҳи байналмилалии ҷамъиятӣ оид ба Украина.
Батарея РСЗО Град ДНР на подступах к Мариуполю - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Басурин шарти таҳти назорат гирифтани Мариуполро гуфт
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Рӯзи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.
Музокироти Русия ва Украина: натиҷаҳои мулоқоти Лавров ва Кулеба
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пуша баргузор шуд.
Даври сеюми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0