Наврӯз-2022: тоҷикистониён чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Обуна шудан
Ҳафтаи тӯлонии корӣ дар Тоҷикистон бо рӯзҳои идонаи истироҳат иваз мешавад
Дар Тоҷикистон аз 14 то 19 март ҳафтаи корӣ шашрӯза мешавад.
Аммо ба далели аз шанбе ба ҷумъа гузаронидани рӯзи истироҳат сокинони ҷумҳурӣ пайиҳам 8 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Наврӯз дар Тоҷикистон рӯзи душанбеи 21 март таҷлил мешавад.
Шанбеи пеш аз ид рӯзи корӣ мешавад.
Ва баъд аз 20 март шаҳрвандони Тоҷикистонро таътили баҳорӣ - истироҳати 8-рӯза истироҳат интизор аст.
Дар ҳар як шаҳри Тоҷикистон ба муносибати Иди Наврӯз барномаҳои хоси фарҳангӣ дар назар аст.
Одатан дар рӯзҳои ид дар боғҳои Тоҷикистон намоишҳо, консертҳо ва ҷашнвораҳои ғизо ташкил мекунанд.
Дар Душанбе баргузории чорабиниҳои зиёди варзишӣ дар назар аст. Аз ҷумла дар пойтахт сеюмин мусобиқаи байналмилалии куштигирӣ баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони беш аз 10 кишвари дунё ширкат меварзанд.
Инчунин дар назди сокинони Душанбе гурӯҳи эҷодии Театри давлатии лухтаки вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳунармандони ӯзбек ба тамошобинони тоҷик намоишномаи "Чойхонаи мусиқӣ"-ро намоиш медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0