https://sputnik.tj/20220311/davanda-tojik-nimmarafoni-shsh-ishtirok-1046705007.html
Давандаҳои тоҷик дар Ниммарафони байналмилалии СҲШ иштирок мекунанд
Давандаҳои тоҷик дар Ниммарафони байналмилалии СҲШ иштирок мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Мусобиқаи байналмилалии варзишгарон аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд баргузор мешавад 11.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-11T11:42+0500
2022-03-11T11:42+0500
2022-03-11T12:32+0500
осиёи марказӣ
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
рекорд
мусобиқа
дав
тошканд
сҳш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102605/86/1026058669_0:0:1086:611_1920x0_80_0_0_85fa455f2664ea7b1aaa2e088e1e9a17.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 4 варзишгари тоҷик дар ниммарафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай - СҲШ ширкат мекунанд. Манбаъ афзуд, ки ин мусобиқаи байналмилалӣ 27 март дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Фонди ҷоизавии ниммарафон ҳудуди 1,5 млн сомониро ташкил дода, дар он иштироки варзишгарон аз кишварҳои узви СҲШ дар назар аст. Ҳамчунин бахшида ба Иди Наврӯз чаҳорумин ниммарафони байналмилалии Тошканд гузаронда мешавад. Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон дар феҳрасти варзишгарони тоҷик, ки дар ин мусобиқаҳо иштирок мекунанд, Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсиддинов, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода ва Раҷабмоҳ Абдуллоеваро ном бурдаст. Зикр гардидааст, ки Меҳрубон Шамсиддинов иштирокчии Чемпионати ҷаҳон - 2017 дар Кампалаи Уганда ва ниммарафони ҷаҳонии Валенсиа дар соли 2018 буда, рекорди инфиродиаш - 1:11:35 мебошад. Ниммарафонҳо бар асоси меъёрҳо ба мусофиаи ҳудуди 21,1 км гузаронда мешаванд. Дар феҳрасти беҳтарин натиҷаи варзишгарони Тоҷикистон оварда шудааст, ки нишондоди Аъзамҷон Давлатов 1:13:03, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода – 1:30:05, Раҷабмоҳ Абдуллоева – 1:32:11 мебошад. Маврид ба зикр аст, ки ниммарафони СҲШ бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 баргузор мегардад. Соли гузашта низ шаҳри Душанбе мизбони ин чорабинии байналмилалӣ буд.
https://sputnik.tj/20220309/tojikiston-mizbon-musobiqa-ducharkharoni-1046650910.html
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102605/86/1026058669_71:0:1032:721_1920x0_80_0_0_4241af276634482b469829d5e39fd0d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, рекорд, мусобиқа, дав, тошканд, сҳш
осиёи марказӣ, дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, рекорд, мусобиқа, дав, тошканд, сҳш
Давандаҳои тоҷик дар Ниммарафони байналмилалии СҲШ иштирок мекунанд
11:42 11.03.2022 (Навсозишуда: 12:32 11.03.2022) Мусобиқаи байналмилалии варзишгарон аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 4 варзишгари тоҷик дар ниммарафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай - СҲШ ширкат мекунанд.
Манбаъ афзуд, ки ин мусобиқаи байналмилалӣ 27 март дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Фонди ҷоизавии ниммарафон ҳудуди 1,5 млн сомониро ташкил дода, дар он иштироки варзишгарон аз кишварҳои узви СҲШ дар назар аст. Ҳамчунин бахшида ба Иди Наврӯз чаҳорумин ниммарафони байналмилалии Тошканд гузаронда мешавад.
Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон дар феҳрасти варзишгарони тоҷик, ки дар ин мусобиқаҳо иштирок мекунанд, Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсиддинов, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода ва Раҷабмоҳ Абдуллоеваро ном бурдаст.
Зикр гардидааст, ки Меҳрубон Шамсиддинов иштирокчии Чемпионати ҷаҳон - 2017 дар Кампалаи Уганда ва ниммарафони ҷаҳонии Валенсиа дар соли 2018 буда, рекорди инфиродиаш - 1:11:35 мебошад. Ниммарафонҳо бар асоси меъёрҳо ба мусофиаи ҳудуди 21,1 км гузаронда мешаванд.
Дар феҳрасти беҳтарин натиҷаи варзишгарони Тоҷикистон оварда шудааст, ки нишондоди Аъзамҷон Давлатов 1:13:03, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода – 1:30:05, Раҷабмоҳ Абдуллоева – 1:32:11 мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ниммарафони СҲШ бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 баргузор мегардад. Соли гузашта низ шаҳри Душанбе мизбони ин чорабинии байналмилалӣ буд.