Мулоқоти сарони Тоҷикистону Миср: Раҳмон ва Сисӣ чиро баррасӣ карданд?

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТЭмомалӣ Раҳмон ва Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон бо ҳамтои мисрияш равобити кишварҳоро қариб дар ҳама самтҳо, иқтисоду амният, тандурустиву туризм, илму фарҳанг баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, президенти Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқот кардааст.
Зимни суҳбати хоса ва музокироти васеъ масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Миср мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Дар ин дидор таъкид гардидааст, ки мувофиқаҳои бадастомада барои ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитариву фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.
Эмомалӣ Раҳмон бо Тоҷирони мисрӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Раҳмон тоҷирони мисриро ба бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон даъват кард
Дар мулоқот робитаҳои байнипарламентӣ, ташкил ва тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ, ҷиҳати густариши ҳамкории фарогири дуҷониба муҳим арзёбӣ гардид.
Сарони кишварҳо таъкид кардаанд, ки ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии кишварҳо дар робита ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Миср ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони ду кишвар барои густаришу тавсеаи ҳамкорӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
Раҳмон ва Сисӣ рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ карда, дар заминаи арзишҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ, дар робита ба баргузории рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои якдигар, таҷлили муштараки ҷашнҳои бузургони адаб ва фарҳанги гузашта, дар ҷиҳати роҳандозии робитаҳои судманд ва табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистону Миср ба мувофиқа расиданд.
Кишвардорони Тоҷикистону Миср  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Бо Горди фахрӣ. Истиқболи расмии Раҳмон дар Миср - акс
Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо истифода аз таҷриба ва имконоти мавҷудаи байни ду кишвар аз самтҳои дигару судовар дар муносиботи мамлакатҳо номида шуд.
Тоҷикистон ва Миср барои ҳамкориҳои судманд дар масоили марбут ба амнияти минтақавӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигар омодагии худро эълон доштанд.
Густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, киберҷиноятҳо, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳамчунин масоили амниятӣ атрофи кишварҳои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Афғонистон мазуи дигари мулоқоти Раҳмон ва Ас-Сисӣ будааст.
Лентаи хабарҳо
0