Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Киев се масъала барои баррасӣ бо Лавровро гуфт

© REUTERS \ GLEB GARANICHГлавы МИД Украины Дмитрий Кулеба
Главы МИД Украины Дмитрий Кулеба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Украина се масъалаеро ном бурд, ки дар мулоқот бо вазири умури хориҷии Русия баррасӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Эълони оташбас яке аз се масъалае мебошад, ки Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина бо ҳамтои русиягияш, Сергей Лавров баррасӣ хоҳад кард.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Украина, инчунин беҳбуди масъалаи гуманитарии шаҳрҳо ва берун овардани нерӯҳои Русия аз масъалаҳои дигаре мебошад, ки Кулеба бо Лавров ба миён хоҳад гузошт.
Мулоқоти Лавров ва Кулеба дар шаҳри Анталия бо миёнҷигарии Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия пеш аз зуҳри 10 март дар назар аст. Ин нахустин дидори вазирони умури хориҷии ду кишвар баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина мебошад.
Дар бораи баргузории ин мулоқот руасои ҷумҳурии Русия ва Туркия Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон зимни суҳбати телефонии ахирашон мувофиқа карданд.
Американские военные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сафорати Украина гуфт, чӣ гуна амрикоиҳоро ба ҷанг бо Русия ҷалб мекунад
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0