Манбаъ: Туркия ҷангиёни суриягиро ба Украина фиристод

Стрельба из АК-47 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Туркия ҷангиёни суриягиро аз Қарабоғ ба Украина фиристодааст
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Туркия ҷангиёни суриягиеро, ки дар соли 2020 дар даргириҳо бо Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ истифода кард, ба ҷанг дар Украина фиристодааст, хабар дод як манбаъ аз мухолифони Сурия ба РИА "Новости".
"Туркия беш аз 2000 ҷангҷӯро аз Сурия ба Қарабоғи Кӯҳӣ барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ алайҳи Арманистон дар соли 2020 фиристод ва аксари ин ҷангҷӯён пас аз анҷоми амалиёти ҷангӣ дар он ҷо монданд. Туркия як қисми ҷангҷӯёни суриягӣ ва дигар кишварҳоро аз Қарабоғ ба Украина барои ширкат дар даргириҳо дар канори артиши Украина фиристод”, - гуфт манбаъ.
Украинский военнослужащий на международных командно-штабных учениях во Львовской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Пайомади ҳузури зархаридони хориҷӣ дар Украина барои ҷаҳону Аврупо
Ба гуфтаи ӯ, ҷангҷӯёне, ки аз Қарабоғи Кӯҳӣ ба Украина омада буданд, ба легионҳои хориҷӣ, ки мақомоти Украина пас аз оғози амалиёти низомии Русия таъсис додаанд, пайвастаанд.
Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарӣ, дар соли 2020 истихбороти Туркия ҳудуди 2,5 ҳазор ҷангҷӯро барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ алайҳи Арманистон ба Қарабоғи Кӯҳистонӣ фиристода буд, ки 300 нафари онҳо кушта ва гуфта мешуд, иддае ба Сурия баргаштаанд. Тақрибан 1000 нафар дар Қарабоғи Кӯҳӣ боқӣ монда буданд.
Ахиран намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфт, ки ба Украина омадани зархаридони хориҷӣ давом дорад.
Қаблан Маскав гуфта буд, ки Русия ба ҳаёти зархаридони хориҷӣ дар Укаина ҷавобгар нест.
Заседание коллегии Следственного комитета РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Дастури Кумитаи тафтишотии Русия барои шиносоӣ кардани зархаридони хориҷӣ дар Украина
Ёдовар мешавем, ки ахиран Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина иддао кард, ки беш аз ҳазор зархарид аз 16 кишвари дунё ба Украина мерасанд.
Владимир Зеленский рӯзи 27 феврал аз таъсиси як воҳиди ҷангӣ хабар дода буд, ки қарор аст, ба он шаҳрвандони хориҷӣ ҷалб шаванд.
"Зархаридони 16 кишвари ҷаҳон меоянд, шумораи умумии онҳо аз ҳазор нафар зиёд аст ва дархостҳо рӯз то рӯз зиёд мешаванд", - гуфт Кулеба дар нишасти матбуотӣ.
Дар пайи ин Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия ба муфаттишони дастгоҳи марказии ин ниҳоди қудратӣ дастур додааст, зархаридони хориҷиеро, ки вориди Украина мешаванд, шиносоӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0