Русия нақшаи махфии ҳамлаи Украина ба Донбассро ёфтааст - видео

Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия аз даст ёфтан ба асноди махфии низомии Украина хабар дод
Русия санадҳои махфиеро ба даст овардааст, ки дар он нақшаи Гвардияи миллии Украина барои анҷоми амалиёти низомӣ дар Донбасс тасвир ёфтааст.
Генерал Игор Конашенков, намояндаи Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, ҳуҷҷатҳои бадастовардашуда нақшаи пинҳонии Киев барои анҷоми ҳамла дар Донбассро тасдиқ мекунанд.
Ӯ зикр намудааст, ин ҳуҷҷатҳо дурӯғ будани изҳороти қаблии мақомоти Украина дар бораи ҳалли қазияи Донетск ва Луганск аз тариқи музокиротро таъйид менамоянд.
Ба гуфтаи Конешенков, дар ҳуҷҷатҳои дарёфтшуда аз тарафи Русия имзои фармондеҳи Гвардияи миллии Украина, генерал-полковник Николай Балан аз 22 январи соли 2022 мебошад. Махсусан таъкид шудааст, ки омодагии равонии афроде, ки ба ин амалиёт бояд ҷалб мешуданд, санҷида шавад.
Конашенков изҳор дошт, ки феълан рабт доштани ИМА ва НАТО ба тарҳи амалиёти ҳамлаи Украина дар Донбасс номаълум мебошад. Аммо рӯшан аст, ки бархе низомиёни амрикоӣ ва бритониёӣ воҳидҳои украиниро дар Лвов бо меъёрҳои НАТО тамрин додаанд. Аз ҷумла баталиони тактикии бригадаи 4-уми таъйиноти зудамали Гвардияи миллиро машқ додаанд.
Мақомоти русиягӣ мегӯянд, тамоми омодагиҳо барои ҳамла ба Донбасс бояд 28 феврал поён меёфтанд. Таъкид шудааст, ки ин ҳамла ба Донбасс моҳи марти соли равон дар назар буд, аммо амалиёти низомии Русия дар Украина аз он пешгирӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0