https://sputnik.tj/20220309/putin-sholts-vaz-ukraina-barrasi-1046661175.html
Путин бо Шолтс вазъи Украинаро баррасӣ кард
Путин бо Шолтс вазъи Украинаро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Путин бо садри аъзами Олмон Шолтс вазъи Украинаро баррасӣ кард
2022-03-09T22:00+0500
2022-03-09T22:00+0500
2022-03-10T13:33+0500
владимир путин
олаф шолтс
олмон
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102959/65/1029596571_0:95:2905:1729_1920x0_80_0_0_51365c964b9465f6ae46b8b385c749c0.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кремл.Путин ва Шолтс инчунин имконоти талошҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли вазъ, аз ҷумла натиҷаҳои даври сеюми музокирот бо Киевро баррасӣ карданд,. Гуфта мешавад, раисҷумҳури Русия ба Шолтс дар бораи тадбирҳои ташкили долонҳои башардӯстона барои тахлияи мардуми осоишта аз манотиқи даргириҳо ва талошҳои ҷангҷӯён барои ҷилавгирӣ аз интиқоли бехатари одамон маълумот додааст."Дар бораи идомаи тамосҳо дар сатҳҳои гуногун мувофиқа карда шуд", - омадааст дар паём.Қаблан гуфта мешуд, ки Киев ба садри аъзами Олмон муроҷиат карда, то дар ташкили мулоқоти Путин ва Зеленский кумак кунад.Гумон меравад, ки тамоси Шолтс низ ба Путин пас аз дархости Киев сурат гирифтааст, аммо дар бораи роҳандозии мулоқоти сарони Русия ва Украина иттилое нест.Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.
https://sputnik.tj/20220309/ighvoangezii-kiev-dar-dolonhoi-bashardustona-1046655293.html
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102959/65/1029596571_203:0:2743:1905_1920x0_80_0_0_864072cca4345497f9a7b08661665e57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин шолтс вазъ украина баррасӣ
путин шолтс вазъ украина баррасӣ
Путин бо Шолтс вазъи Украинаро баррасӣ кард
22:00 09.03.2022 (Навсозишуда: 13:33 10.03.2022) Президенти Русия бо садри аъзами Олмон Шолтс вазъи Украинаро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кремл.
"Таваҷҷуҳи хоса ба ҷанбаҳои башардӯстонаи вазъ дар Украина ва ҷумҳуриҳои Донбасс дода шуд", - афзуд манбаъ.
Путин ва Шолтс инчунин имконоти талошҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли вазъ, аз ҷумла натиҷаҳои даври сеюми музокирот бо Киевро баррасӣ карданд,.
Гуфта мешавад, раисҷумҳури Русия ба Шолтс дар бораи тадбирҳои ташкили долонҳои башардӯстона барои тахлияи мардуми осоишта аз манотиқи даргириҳо ва талошҳои ҷангҷӯён барои ҷилавгирӣ аз интиқоли бехатари одамон маълумот додааст.
"Дар бораи идомаи тамосҳо дар сатҳҳои гуногун мувофиқа карда шуд", - омадааст дар паём.
Қаблан гуфта мешуд, ки Киев ба садри аъзами Олмон муроҷиат карда, то дар ташкили мулоқоти Путин ва Зеленский кумак кунад.
Гумон меравад, ки тамоси Шолтс низ ба Путин пас аз дархости Киев сурат гирифтааст, аммо дар бораи роҳандозии мулоқоти сарони Русия ва Украина иттилое нест.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.