https://sputnik.tj/20220307/sitod-faoliyati-guzargoh-marz-uzbekiston-rejai-oddi-1046614144.html
Ситод: Аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ мегузаранд
Ситод: Аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ мегузаранд
Sputnik Тоҷикистон
Ситоди ҷумҳуриявӣ ба реҷаи оддӣ гузаштани гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон хабар дод
2022-03-07T20:00+0500
2022-03-07T20:00+0500
2022-03-09T15:33+0500
дар тоҷикистон
ситод
коронавирус
марз
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103124/16/1031241650_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_05cb76fc91d095adc7d428e72b78f6b6.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ситоди Ҷумҳуриявӣ хабар дод, ки ахиран қарори дахлдори ситод дар бораи пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.Тибқи ин санад, аз 15 марти соли 2022 фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома дар бораи ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ дар ин хусус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.Таъкид шудааст, ки қарори мазкур бо назардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя қабул карда шуд.Тибқи қарор, гувоҳнома дар бораи ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ИДМ ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.Ситод қайд кардааст, ки ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи “манфӣ”-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Тоҷикистон озод карда мешаванд.“Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.Ҳамчунин дар асоси қарори мазкур баргузор намудани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.
https://sputnik.tj/20220218/koronavirus-tojikiston-vazorat-1046004624.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103124/16/1031241650_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_8881af5ebabf44ddbcb1ee4c477b93fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, марз, коронавирус, гузаргоҳ, реҷаи оддӣ
тоҷикистон, ӯзбекистон, марз, коронавирус, гузаргоҳ, реҷаи оддӣ
Ситод: Аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ мегузаранд
20:00 07.03.2022 (Навсозишуда: 15:33 09.03.2022) Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ба реҷаи оддӣ гузаштани кори гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ситоди Ҷумҳуриявӣ хабар дод, ки ахиран қарори дахлдори ситод дар бораи пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Тибқи ин санад, аз 15 марти соли 2022 фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома дар бораи ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ дар ин хусус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Таъкид шудааст, ки қарори мазкур бо назардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя қабул карда шуд.
Тибқи қарор, гувоҳнома дар бораи ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ИДМ ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.
Ситод қайд кардааст, ки ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи “манфӣ”-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Тоҷикистон озод карда мешаванд.
“Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин дар асоси қарори мазкур баргузор намудани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.