https://sputnik.tj/20220307/muhojiron-gosuslug-kor-ozod-1046604345.html
Муҳоҷирон тавассути "Госуслуги" аз кор озод карда мешаванд
Муҳоҷирон тавассути "Госуслуги" аз кор озод карда мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Корфармоён ва муштариёни хидматрасонӣ дар Русия метавонанд бо истифода аз портали "Госуслуги" шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷиро бекор кунанд 07.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-07T14:10+0500
2022-03-07T14:10+0500
2024-02-07T14:27+0500
дар русия
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0f/1060932533_0:103:3072:1831_1920x0_80_0_0_923d273f0f2f06e1cff9d5a34b3c9377.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар Русия, дар вебсайти "Госуслуги" хидмати "Огоҳӣ дар бораи муҳоҷирони корӣ" пайдо шуд, ки бо кумаки он метавон шартномаи меҳнатиро бо шаҳрванди хориҷӣ бекор кард. Барои ин корфармоён ё муштариёни хадамот метавонанд дар шакли электронӣ ба воҳидҳои Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия огоҳиномаи заруриро фиристанд. Ин ҳам ба бастан ва қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам ба уҳдадориҳои пардохти музди меҳнат ба мутахассисони баландихтисос дахл дорад.Барои пешниҳоди огоҳинома ба Вазорати корҳои дохилӣ корфармо бояд варақаи Хадамоти давлатиро пур карда, онро бо имзои электронӣ тасдиқ намояд. Барои анҷом додани ин гуна амалиётҳо ба шуъбаи ниҳод рафтан ҳам шарт нест.Гуфта мешавад, ки ин хадамот ба фароҳам овардани фазои роҳат барои тиҷорат дар Русия мусоидат мекунад. Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли ҷорӣ Вазорати рушди рақамӣ, коммуникатсия ва васоити ахбори оммаи Федератсияи Русия имкони пешниҳоди ҳуҷҷатҳои гуногунро тавассути портали "Госуслуги" барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои будубоши қонунӣ ба ин кишвар мераванд, ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20220222/muhojiron-gosuslugi-sabti-nom-1046174384.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0f/1060932533_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_7798d5d39d3ea63e3398f8bd8ec943de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, муҳоҷират
Муҳоҷирон тавассути "Госуслуги" аз кор озод карда мешаванд
14:10 07.03.2022 (Навсозишуда: 14:27 07.02.2024) Корфармоён ва муштариёни хидматрасонӣ дар Русия метавонанд бо истифода аз портали "Госуслуги" шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷиро бекор кунанд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар Русия, дар вебсайти "Госуслуги" хидмати "Огоҳӣ дар бораи муҳоҷирони корӣ" пайдо шуд, ки бо кумаки он метавон шартномаи меҳнатиро бо шаҳрванди хориҷӣ бекор кард.
Барои ин корфармоён ё муштариёни хадамот метавонанд дар шакли электронӣ ба воҳидҳои Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия огоҳиномаи заруриро фиристанд.
Ин ҳам ба бастан ва қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам ба уҳдадориҳои пардохти музди меҳнат ба мутахассисони баландихтисос дахл дорад.
Барои пешниҳоди огоҳинома ба Вазорати корҳои дохилӣ корфармо бояд варақаи Хадамоти давлатиро пур карда, онро бо имзои электронӣ тасдиқ намояд. Барои анҷом додани ин гуна амалиётҳо ба шуъбаи ниҳод рафтан ҳам шарт нест.
Гуфта мешавад, ки ин хадамот ба фароҳам овардани фазои роҳат барои тиҷорат дар Русия мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли ҷорӣ Вазорати рушди рақамӣ, коммуникатсия ва васоити ахбори оммаи Федератсияи Русия имкони пешниҳоди ҳуҷҷатҳои гуногунро тавассути портали "Госуслуги" барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои будубоши қонунӣ ба ин кишвар мераванд, ҷорӣ кардааст.