Ҳукумати Русия феҳрасти кишварҳои ағёрро нашр кард

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкДом Правительства РФ
Дом Правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Ин рӯйхат қариб ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо шомил шудааст
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ҳукумати Русия феҳристи кишвар ва қаламравҳоеро, ки алайҳи ин кишвар, ширкатҳо ва шаҳрвандони рус амалҳои номатлуб мекунанд, тасдиқ кард.
Ба рӯйхат дохил шудаанд:
Австралия;
Албания;
Андорра;
Британияи Кабир (аз ҷумла Ҷерсӣ, Ангиля, Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё);
Гибралтар;
давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо;
Исландия;
Канада;
Лихтенштейн;
Микронезия;
Монако;
Зеландияи Нав;
Норвегия;
Ҷумҳурии Корея;
Сан-Марино;
Македонияи Шимолӣ;
Сингапур;
США;
Тайван;
Украина;
Черногория;
Швейтсария;
Ҷопон.
Фармони мазкур дар доираи татбиқи фармони раисиҷумҳур аз 5 марти соли 2022 "Дар бораи тартиби муваққатии иҷрои уҳдадориҳо дар назди кредиторони алоҳидаи хориҷӣ" таҳия шудааст.
Тибқи ин фармон, шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия, худи давлат, вилоятҳо ва шаҳрдории он ки аз феҳристи кишварҳои ғайри дӯст дар назди кредиторони хориҷӣ уҳдадориҳои асъорӣ доранд, метавонанд онҳоро бо рубл пардохт кунанд.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Бо фармони Путин, баровардани беш аз 10 ҳазор доллар аз Русия мамнуъ шуд
Барои ин қарздор метавонад аз бонки Русия дархост кунад, ки ба номи кредитори хориҷӣ суратҳисоби махсуси рублии “С” таъсис ва пардохтҳоро ба он бо рубл мутобиқ бо қурби рӯз интиқол диҳад.
Тартиби нави муваққатӣ барои пардохтҳои зиёда аз 10 миллион рубл дар як моҳ татбиқ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0