Толибон: Наврӯзро қабул надорем

© AP / Felipe DanaБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Обуна шудан
Толибҳо мегӯянд, ки "Наврӯз маҷусӣ аст ва онро қабул надорем"
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Мавлавӣ Муҳаммадсодиқ Оқиф Муҳоҷир, сухангӯ ва раиси иттилооти Вазорати иршод, амр ба маъруф ва наҳй аз манкури ҳукумати толибон мегӯяд, ки Наврӯз дар Ислом нест.
Мавлавӣ Муҳаммадсодиқ Оқиф Муҳоҷир дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар ин бораи нигоҳи толибон ба ҷашни Наврӯз гуфт: "Дар Ислом мо танҳо ду ид дорем: Иди Фитр ва Иди Қурбон. Дар Ислом иди дигаре вуҷуд надорад, ки Наврӯз ном дошта бошад".

“Иди Наврӯз хос моли маҷусиҳост ва зарур намебинем, Наврӯзро баргузор намоем", - қад кард мақомдори толибон.

Ин мақомдори аршади толибҳо дар бораи ин ки оё се рӯзи рухсатии Наврӯз дар соли оянда ҳифз хоҳад шуд ё на, гуфт: “Бояд дид, ки идораи кору умури иҷтимоӣ чӣ тасмим хоҳад гирифт, аммо ба эҳтимоли зиёд ин се рӯз таътил нахоҳад буд”.
Семья, прибывающая из Афганистана, проходит через контрольно-пропускной пункт Ворота дружбы в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Рӯзона беш аз се ҳазор шаҳрванди Афғонистон ба Эрон меравад
Мавлавӣ Муҳоҷир ҳамчунин дар бораи иқдомоти Вазорати даъват ва иршоди ҳукумати муваққати толибҳо гуфт: "Вазорати амр ба маъруф нақши муҳим дар эҳёи аҳкоми исломиро анҷом дода, аз ҷумла шаробнӯшӣ, истифодаи аланӣ аз маводи мухаддир, рақсу овози духтаронро аз ҷомеа ҷамъ кардем ва корҳои ислоҳӣ анҷом додем".
Вай гуфт, ки вазорат дар оянда корҳои зиёдеро анҷом хоҳад дод ва аз аъмоли худ ба мардум гузориш хоҳад дод.
Бояд қайд кард, ки Иди Наврӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрони исломӣ ба таври густарда ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0