https://sputnik.tj/20220306/tabibon-vaz-mariupolro-falokatbor-1046579036.html
"Табибони бидуни марз" вазъ дар Мариуполро фалокатбор номиданд
"Табибони бидуни марз" вазъ дар Мариуполро фалокатбор номиданд
Sputnik Тоҷикистон
Созмони "Табибони бидуни марз" вазъи башарӣ дар Мариуполро фалокатбор унвон кард
2022-03-06T11:15+0500
2022-03-06T11:15+0500
2022-03-06T11:15+0500
дар русия
украина
ҷмд
ҷмл
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/01/1046375393_0:6:3073:1734_1920x0_80_0_0_764ec54562ee4662cd4a65635f3bd21c.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Созмони байнулмилалии тиббии "Табибони бидуни марз" вазъи башарӣ дар Мариуполи Украинаро “фалокатбор” номида, ба маҳдуд будани захираҳои ғизоӣ ва камбуди об, нерӯи барқ ва гармӣ ишора кардааст."Вазъи башарӣ дар Мариупол фалокатбор аст", - омадааст дар изҳороти созмон.Дар изҳороти созмон гуфта мешавад, ки дар ин минтақа захираи маводи ғизоӣ "тамом мешавад" ва ҳамчунин "об, барқ ва гармӣ нест".Яке аз кормандони ин созмон дар Мариупол гуфтааст, ки барои дарёфти об бояд оби барфу борон ҷамъоварӣ кунанд. "Табибони бидуни марз" аз амнияти кормандони худ ва "ҳазорон нафари дигар, ки дар чунин вазъияти даҳшатбор қарор доранд" изҳори нигаронӣ кард. Қаблан вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки Русия аз соати 10:00 ба вақти Маскав барои хуруҷи мардуми осоишта аз Мариупол ва маркази вилояти Волноваха ба шимоли он низоми хомӯшӣ эълон кардааст.Мариупол, ки беш аз 450 000 аҳолӣ дорад, дар замони эълони ҶМД дар соли 2014 пас аз Донетск дуввумин шаҳри бузурги ҷумҳурӣ буд. Аммо дар моҳи июни ҳамон сол нерӯҳои амниятии Украина назорати Мариуполро дубора ба даст оварданд ва қисмати шарқии он дар соҳили Азов ба яке аз гармтарин маконҳои даргириҳо дар шарқи Украина табдил ёфт. Рӯзи панҷуми март, раҳбари Донетск Денис Пушилин эълон кард, ки ҳалқаи нерӯҳои ҷумҳурӣ дар атрофи шаҳр коҳиш меёбад.Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
https://sputnik.tj/20220305/jangiyon-khona-mariupol-kudakon-tarkond-1046557982.html
украина
ҷмд
ҷмл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/01/1046375393_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_3b7a737df9f16dc180fad078e96fa530.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
табибон вазъ мариупол фалокатбор
табибон вазъ мариупол фалокатбор
"Табибони бидуни марз" вазъ дар Мариуполро фалокатбор номиданд
Созмони "Табибони бидуни марз" вазъи башарӣ дар Мариуполро фалокатбор унвон кард
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Созмони байнулмилалии тиббии "Табибони бидуни марз" вазъи башарӣ дар Мариуполи Украинаро “фалокатбор” номида, ба маҳдуд будани захираҳои ғизоӣ ва камбуди об, нерӯи барқ ва гармӣ ишора кардааст.
"Вазъи башарӣ дар Мариупол фалокатбор аст", - омадааст дар изҳороти созмон.
Дар изҳороти созмон гуфта мешавад, ки дар ин минтақа захираи маводи ғизоӣ "тамом мешавад" ва ҳамчунин "об, барқ ва гармӣ нест".
"Алоқаи интернет ва телефон қатъ шудааст. Бемористонҳо, фурӯшгоҳҳо ва биноҳои истиқоматӣ хисороти ҷиддӣ дидаанд", - омадааст дар изҳорот, ки бар асоси он интиқоли кумакҳои башардӯстона ба шаҳр имкон надорад.
Яке аз кормандони ин созмон дар Мариупол гуфтааст, ки барои дарёфти об бояд оби барфу борон ҷамъоварӣ кунанд.
"Табибони бидуни марз" аз амнияти кормандони худ ва "ҳазорон нафари дигар, ки дар чунин вазъияти даҳшатбор қарор доранд" изҳори нигаронӣ кард.
Қаблан вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки Русия аз соати 10:00 ба вақти Маскав барои хуруҷи мардуми осоишта аз Мариупол ва маркази вилояти Волноваха ба шимоли он низоми хомӯшӣ эълон кардааст.
Мариупол, ки беш аз 450 000 аҳолӣ дорад, дар замони эълони ҶМД дар соли 2014 пас аз Донетск дуввумин шаҳри бузурги ҷумҳурӣ буд. Аммо дар моҳи июни ҳамон сол нерӯҳои амниятии Украина назорати Мариуполро дубора ба даст оварданд ва қисмати шарқии он дар соҳили Азов ба яке аз гармтарин маконҳои даргириҳо дар шарқи Украина табдил ёфт. Рӯзи панҷуми март, раҳбари Донетск Денис Пушилин эълон кард, ки ҳалқаи нерӯҳои ҷумҳурӣ дар атрофи шаҳр коҳиш меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.