https://sputnik.tj/20220306/gustarishi-hamkorihoi-tojikistonu-boshqirdistoni-rusiya-1046593621.html
Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия
Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия ба тавсеаи ҳамкориҳо ва афзоиши гардиши молу маҳсулот аҳамияти ҷиддӣ хоҳанд дод
2022-03-06T20:40+0500
2022-03-06T20:40+0500
2022-03-09T19:12+0500
дар тоҷикистон
дар русия
бошқирдистон
ҳамкорӣ
равобит
сафири тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/06/1046593586_0:0:1140:642_1920x0_80_0_0_2c4a6442ed1c44f16f171b49ca5a306a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия ба Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия сафари корӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия.Дар ин сафари худ сафири Тоҷикистон дар Русия бо Радий Хабиров, роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон дидору гуфтугӯ кард.Зимни ин дидор вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо баррасӣ шуд.Ҳамчунин сафири Тоҷикистон бо президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тимур Ҳакимов мулоқот кард. Зимни суҳбат масоили муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ташкили форуми тиҷорӣ муҳокима гардид.Оқои Гулмаҳмадзода аҳамияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо ва афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистонро муҳим арзёбӣ кард.Дар вохӯрӣ доираҳои тиҷоратии минтақа низ, ки ҳавасманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳастанд, ширкат варзиданд.
https://sputnik.tj/20220129/siloh-rusiya-omodagi-tojikiston-1045320275.html
бошқирдистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/06/1046593586_14:0:1126:834_1920x0_80_0_0_e5bc4cff81f6f5e1c43e32a5bf79d742.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бошқирдистони русия, ҳамкорӣ, гардиши мол, тавсеа, аҳамият
тоҷикистон, бошқирдистони русия, ҳамкорӣ, гардиши мол, тавсеа, аҳамият
Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия
20:40 06.03.2022 (Навсозишуда: 19:12 09.03.2022) Тоҷикистону Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия ба тавсеаи ҳамкориҳо ва афзоиши гардиши молу маҳсулот аҳамияти ҷиддӣ хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия ба Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия сафари корӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Дар ин сафари худ сафири Тоҷикистон дар Русия бо Радий Хабиров, роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон дидору гуфтугӯ кард.
Зимни ин дидор вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо баррасӣ шуд.
“Аз ҷумла, ба зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бахши агросаноатӣ, ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, маориф ва илм, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ таъкид карда шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин сафири Тоҷикистон бо президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тимур Ҳакимов мулоқот кард. Зимни суҳбат масоили муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ташкили форуми тиҷорӣ муҳокима гардид.
Оқои Гулмаҳмадзода аҳамияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо ва афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистонро муҳим арзёбӣ кард.
Дар вохӯрӣ доираҳои тиҷоратии минтақа низ, ки ҳавасманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳастанд, ширкат варзиданд.