https://sputnik.tj/20220306/boz-makron-ba-putin-zang-zad-1046593875.html
Боз Макрон ба Путин занг зад
Боз Макрон ба Путин занг зад
Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати телефонии руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон тақрибан ду соат идома ёфт
2022-03-06T21:00+0500
2022-03-06T21:00+0500
2022-03-09T19:08+0500
дар русия
фаронса
эммануэл макрон
владимир путин
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103119/75/1031197570_0:137:3155:1912_1920x0_80_0_0_89ae896ab31482ed72cd3e50706efd1d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Гуфтугӯи телефонии Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба поён расид ва як соату 45 дақиқа идома ёфт, хабар медиҳад "France Press" дар истинод ба дафтари раисҷумҳури Фаронса.Қаблан шабакаи BFM TV бо такя ба як манбааш дар Қасри Елисей хабар дода буд, ки Макрон "дар чанд дақиқаи оянда" бо Путин гуфтугӯи навбатии телефонӣ хоҳад дошт.Бояд қайд кард, дафтари раисҷумҳури Фаронса шарҳ надодааст, ки наздик ба ду соат ду роҳбар дар бораи чӣ гуфтугӯ карданд.Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираро анҷом доданд, даври сеюми он дар чанд рӯзи оянда дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220306/smm-besh-az-15-million-nafar-az-ukraina-firor-kardand-1046591534.html
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103119/75/1031197570_212:0:2943:2048_1920x0_80_0_0_d4b072ef177f4d974b590653b2ffdeda.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, макрон, фаронса, украина, суҳбати телефонӣ
путин, макрон, фаронса, украина, суҳбати телефонӣ
Боз Макрон ба Путин занг зад
21:00 06.03.2022 (Навсозишуда: 19:08 09.03.2022) Суҳбати телефонии руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Фаронса тақрибан ду соат идома ёфт
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Гуфтугӯи телефонии Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба поён расид ва як соату 45 дақиқа идома ёфт, хабар медиҳад "France Press" дар истинод ба дафтари раисҷумҳури Фаронса.
Қаблан шабакаи BFM TV бо такя ба як манбааш дар Қасри Елисей хабар дода буд, ки Макрон "дар чанд дақиқаи оянда" бо Путин гуфтугӯи навбатии телефонӣ хоҳад дошт.
"Гуфтугӯи телефонии Макрон ва Путин, 1 соату 45 дақиқа давом кард", — иттилоъ додааст манбаъ.
Бояд қайд кард, дафтари раисҷумҳури Фаронса шарҳ надодааст, ки наздик ба ду соат ду роҳбар дар бораи чӣ гуфтугӯ карданд.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираро анҷом доданд, даври сеюми он дар чанд рӯзи оянда дар назар аст.