https://sputnik.tj/20220305/tamdid-mahdudiyat-parvoz-russia-1046563249.html
Тамдиди маҳдудияти парвозҳо дар Русия
Тамдиди маҳдудияти парвозҳо дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Росавиатсия тавзеҳ дод, ки маҳдудиятҳо ба фурудгоҳҳои ҷануб ва маркази Русия тааллуқ доранд
2022-03-05T17:00+0500
2022-03-05T17:00+0500
2022-03-05T18:55+0500
дар русия
парвоз
нақлиёт
маҳдудият
об
масир
байналмилалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039145353_0:265:3170:2048_1920x0_80_0_0_caecd61aa6e77c1627011ad7618f8043.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷануб ва марказии Русия то 14 март тамдид шуд, хабар дод "Росавиатсия". "То 14 март, соати 03:45 бо вақти Маскав маҳдудияти парвоз ба фурудгоҳҳои ҷанубу марказии Русия тамдид гардид", - омадааст дар иттилоия. Тавзеҳ дода шуд, ки парвозҳо ба Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста мутаваққиф шуданд. Мақомот масири тағйири парвозҳоро зикр карда, тавсия додаанд, ки барои мусофирбарӣ аз масирҳои дигар бо истифодаи фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав истифода шавад. Зикр шудааст, ки фурудгоҳҳои мазкур зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд. Ба иттилои "Росавиатсия", парвозҳо ба Калининград тибқи ҷадвал сурат мегиранд. Парвоз ба ин минтақа аз болои обҳои нейтралии баҳри Балтий мегузарад ва ба ҳамин далел вақти парвоз афзоиш ёфтааст. Ин ниҳод илова намудааст, ки парвозҳои боқимонда, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд. Маҳдудиятҳо дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина роҳандозӣ гардиданд, ки 24 феврал оғоз шуда, феълан низ идома дорад.
https://sputnik.tj/20220304/shirkat-s7-parvozho-baynalmilali-laghv-1046520893.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039145353_229:0:2960:2048_1920x0_80_0_0_05873a4e20c7f6c5a08176c96ec4f966.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳдудият, парвоз, русия, тамдид
маҳдудият, парвоз, русия, тамдид
Тамдиди маҳдудияти парвозҳо дар Русия
17:00 05.03.2022 (Навсозишуда: 18:55 05.03.2022) "Росавиатсия" тавзеҳ дод, ки маҳдудиятҳо ба фурудгоҳҳои ҷануб ва марказии Русия тааллуқ доранд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷануб ва марказии Русия то 14 март тамдид шуд, хабар дод "Росавиатсия".
"То 14 март, соати 03:45 бо вақти Маскав маҳдудияти парвоз ба фурудгоҳҳои ҷанубу марказии Русия тамдид гардид", - омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шуд, ки парвозҳо ба Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста мутаваққиф шуданд.
Мақомот масири тағйири парвозҳоро зикр карда, тавсия додаанд, ки барои мусофирбарӣ аз масирҳои дигар бо истифодаи фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав истифода шавад.
Зикр шудааст, ки фурудгоҳҳои мазкур зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
Ба иттилои "Росавиатсия", парвозҳо ба Калининград тибқи ҷадвал сурат мегиранд. Парвоз ба ин минтақа аз болои обҳои нейтралии баҳри Балтий мегузарад ва ба ҳамин далел вақти парвоз афзоиш ёфтааст.
Ин ниҳод илова намудааст, ки парвозҳои боқимонда, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.
Маҳдудиятҳо дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина роҳандозӣ гардиданд, ки 24 феврал оғоз шуда, феълан низ идома дорад.