https://sputnik.tj/20220305/serbiston-rusiya-pushtiboni-1046560623.html
"Сербистон бо Русия": дар Белград сокинон аз русҳо пуштибонӣ карданд - видео
"Сербистон бо Русия": дар Белград сокинон аз русҳо пуштибонӣ карданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Сербистон тазоҳуроти оммавӣ ба ҳимоят аз амалиёти вижаи Русия барои безарарсозии Украина баргузор шуд
2022-03-05T15:25+0500
2022-03-05T15:25+0500
2022-03-05T18:22+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
видео
русҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/05/1046555245_106:0:2995:1625_1920x0_80_0_0_17d42b4c716bcd830e66014e45bbee2f.jpg
Ҳазорон нафар ба кӯчаҳои Белград баромаданд. Фаъолон дар маркази шаҳр, дар назди ҳайкали Николай II чамъ омаданд. Сокинони маҳаллӣ аксарият бо парчамҳои Русия ба кӯчаҳо баромаданд. Иштирокчиён "Сербистон бо Русия" гуфта шиор сар медоданд. Боз як иқдоми мушобеҳ дар Черногория низ баргузор шуд. Таҷаммуъгарон сурудҳои ватандӯстии сербҳоро месароиданд ва шиорҳои "Стоп НАТО!" ва "Русия ва Сербия, ба мо Иттиҳодияи Аврупо лозим нест", "Путин! Путин!", "Зинда бод Сербистон! Зинда бод Русия!" сар медоданд.Раҳпаймоиро ду мошини пулис ҳамроҳӣ карданд, ки ҳаракати нақлиётро баста, эътирозгаронро пеш бурданд.Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Басурин: Нерӯҳои Украина намегузоранд, ки сокинон аз Мариупол берун шавандБа ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунадОн панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираашонро анҷом доданд, даври сеюм дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/05/1046555245_467:0:2634:1625_1920x0_80_0_0_2797b6401e6695d65745030226f5a10b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
белград, сокинон, пуштибонӣ, русия
белград, сокинон, пуштибонӣ, русия
"Сербистон бо Русия": дар Белград сокинон аз русҳо пуштибонӣ карданд - видео
15:25 05.03.2022 (Навсозишуда: 18:22 05.03.2022) Дар Сербистон тазоҳуроте ба ҳимоят аз амалиёти вижаи Русия барои безарарсозии Украина баргузор шуд
Ҳазорон нафар ба кӯчаҳои Белград баромаданд. Фаъолон дар маркази шаҳр, дар назди ҳайкали Николай II чамъ омаданд.
Сокинони маҳаллӣ аксарият бо парчамҳои Русия ба кӯчаҳо баромаданд. Иштирокчиён "Сербистон бо Русия" гуфта шиор сар медоданд.
Боз як иқдоми мушобеҳ дар Черногория низ баргузор шуд. Таҷаммуъгарон сурудҳои ватандӯстии сербҳоро месароиданд ва шиорҳои "Стоп НАТО!" ва "Русия ва Сербия, ба мо Иттиҳодияи Аврупо лозим нест", "Путин! Путин!", "Зинда бод Сербистон! Зинда бод Русия!" сар медоданд.
Раҳпаймоиро ду мошини пулис ҳамроҳӣ карданд, ки ҳаракати нақлиётро баста, эътирозгаронро пеш бурданд.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираашонро анҷом доданд, даври сеюм дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.