https://sputnik.tj/20220305/putin-elon-fazo-mamnuulparvoz-ukraina-shirkat-nizo-1046569581.html
Путин: Эълони фазои мамнуъулпарвоз дар Украина баробар бо ширкат дар ин низоъ аст
Путин: Эълони фазои мамнуъулпарвоз дар Украина баробар бо ширкат дар ин низоъ аст
Sputnik Тоҷикистон
Президент шарҳ дод, ки Русия ба баста шудани осмони Украина аз ҷониби ҳар кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунад 05.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-05T21:30+0500
2022-03-05T21:30+0500
2022-03-05T21:30+0500
дар русия
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
владимир путин
сиёсат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040938425_700:161:2366:1098_1920x0_80_0_0_fc654367b6b98f68b40943598236d8e4.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Тасмими ҳар кишвар дар бораи ҷорӣ кардани минтақаи мамнуъулпарвоз дар Украинаро Русия ҳамчун ширкат дар даргириҳои мусаллаҳона арзёбӣ хоҳад кард. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт. Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳоло бисёриҳо мехоҳанд, ки дар қаламрави Украина як минтақаи мамнуъулпарвоз эълон кунанд.Президент қайд кард, ки баро Русия онҳо "иштирокчиёни низоъ ҳисобида мешаванд". Дар ҳамин ҳол муҳим нест, ки онҳо узви кадом созмон ҳастанд, гуфт Путин дар мулоқот бо занони корманди ширкатҳои ҳавопаймоии Русия.Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираро анҷом доданд, даври сеюми он дар чанд рӯзи оянда дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220305/putin-khatar-barkhurd-nato-ukraina-1046567665.html
https://sputnik.tj/20220305/lavrov-muzokirot-ukraina-maskav-kiev-1046565507.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040938425_654:0:2243:1191_1920x0_80_0_0_5d9351160c3ac6a36aba91ea28bcacf0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, владимир путин, сиёсат , украина
дар русия, владимир путин, сиёсат , украина
Путин: Эълони фазои мамнуъулпарвоз дар Украина баробар бо ширкат дар ин низоъ аст
Президент шарҳ дод, ки Русия ба баста шудани осмони Украина аз ҷониби ҳар кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Тасмими ҳар кишвар дар бораи ҷорӣ кардани минтақаи мамнуъулпарвоз дар Украинаро Русия ҳамчун ширкат дар даргириҳои мусаллаҳона арзёбӣ хоҳад кард. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳоло бисёриҳо мехоҳанд, ки дар қаламрави Украина як минтақаи мамнуъулпарвоз эълон кунанд.
"Дар қаламрави Украина ин корро кардан ғайриимкон аст, ин танҳо аз қаламрави кишварҳои ҳамсоя имконпазир аст. Аммо ҳар гуна ҳаракат дар ин самтро мо ширкат дар даргириҳои мусаллаҳонаи кишваре мешуморем, ки аз қаламраваш ба мо таҳдид мекунанд, - таъкид кард Путин.
Президент қайд кард, ки баро Русия онҳо "иштирокчиёни низоъ ҳисобида мешаванд".
Дар ҳамин ҳол муҳим нест, ки онҳо узви кадом созмон ҳастанд, гуфт Путин дар мулоқот бо занони корманди ширкатҳои ҳавопаймоии Русия.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираро анҷом доданд, даври сеюми он дар чанд рӯзи оянда дар назар аст.