Сабти истифодаи ҷангии "Аллигатор" дар Украина - видео

Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия видеои ҷанги чархболи маъруф ба "Аллигатор"-ро нашр кардааст
Ҷуфти чархболҳои Ка-52, маъруф ба "Аллигатор" зимни амалиёти низомӣ дар Украина истифода шудаанд.
Бар асоси видеои нашркардаи Вазорати дифоъ, чархболҳои Ка-52 бо мушакҳои идорашаванда техникаи зиреҳпӯши нерӯҳои Украинаро нобуд кардаанд.
Дар видео нишон дода шудааст, ки Ка-52 дар фосилаи баландии камтар аз замин парвоз мекунанд. Сипас дурбини халабон нишон дода мешавд, ки дар он ҳадаф ба нишон гирифта мешавад ва партоби мушаки идорашаванда сурат мегирад.
Ин намуди чархболҳои зарбазану истихборотӣ барои амалиёт дар баландиҳои камтар аз замин пешбинӣ шуда, барои нобудсозии техникаи зиреҳпӯш ва ҳайати ҳариф истифода мешаванд.
Аз нерӯҳои ҳавоии низомии Русия дар Украина барои ҳимояи қатори мошинҳои низомӣ, тахриби техникаи зиреҳпӯш, интиқоли десант ва бори низомӣ истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0