https://sputnik.tj/20220305/muhojiron-niyati-tarki-rusiyaro-nadorand-1046552842.html
Муҳоҷирон нияти тарк кардани Русияро надоранд
Муҳоҷирон нияти тарк кардани Русияро надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари поин рафтани қурби рубл барои муҳоҷирони корӣ, ки маошашонро ба ватанашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол медиҳанд, рӯзҳои душвор фаро расидааст
2022-03-05T12:15+0500
2022-03-05T12:15+0500
2022-03-05T13:23+0500
дар русия
кор
муҳоҷир
муҳоҷират
буҳрон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/05/1046548810_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_fbb4478e2ac351d1b6683002f5dca379.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Муҳоҷирон дар Русия бо вуҷуди поин рафтани қурби рубл дар ояндаи наздик нияти тарки ин кишварро надоранд.Тибқи як назарсанҷии хабаргузории "Московский комсомолец", муҳоҷирони корӣ мехоҳанд, ин вазъро дар Русия пушти сар кунанд.Даҳҳо хориҷие, ки дар Маскав дар бахши ғизорасонӣ кор мекунанд, дар як моҳи оянда дар зиндагии худ чизеро тағйир доданӣ нестанд.Ба гуфтаи раиси Федеросиюни муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, “дар бораи ҳар гуна бесуботӣ гузориш нашудааст”. Ҳама муътадил кор мекунанд.То кунун мушкили аслӣ, ки муҳоҷирон бо он рӯ ба рӯ шудаанд, ин аст, ки интиқоли пул ба шеваи электронӣ ба хориҷ ҳоло бо фосила сурат мегирад. Аммо ҳоло дар нуқтаҳои низоми пардохти зуд навбатҳои зиёди коргарони хориҷӣ вуҷуд дорад.Интиқоли маблағ, албатта, мушкилтар шуда истодааст ва маблағе, ки барои хонавода мефиристанд, бинобар қурби паст барои сарфаи зиндагии онҳо намерасад.Сомонии тоҷикӣ ва сӯми ӯбекию соми қирғизӣ ба рублу доллар сахт бастагӣ доранд.Бадриддин, як корманди фурӯшгоҳи бузург изҳори умедворӣ кард, ки "дар ду моҳ бояд ҳама чиз ором шавад, пас маълум мешавад ё маошро боло мебаранд ё бо кадом роҳ бояд пеш равад".Илҳом, як зодаи Фарғона, ки ба фурӯши меваи хушк машғул аст, бо таассуф гуфт, ки бо чунин нархи чипта парвоз кардан имкон надорад, магар ин ки бо мошинҳои борбар ба Ватан бирасад."Дар ин нуқта бародарам ба ҷои ман намеояд, то тобистон корамро дар ин ҷо идома медиҳам", - афзуд ӯ.Дар умури савдо ва хоҷагии манзилию коммунаӣ бошад, барои муҳоҷирон ҳама чиз муътадил аст. Кормандон иброз доштанд, ки касеро аз кор озод намекунанд, баръакс талабот ба онҳо боқӣ мемонад.Аммо муҳоҷироне, ки дар сохтмонанд, шикоят карданд, ки коргарони яке аз сохтмонҳои бузург чанд рӯз боз кор намекунанд, зеро барояшон масолеҳи сохтмонӣ намеояд.
https://sputnik.tj/20220303/bequrbshavii-qurb-rubl-muhojironi-tojik-rusiya-kor-1046457968.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/05/1046548810_284:0:3015:2048_1920x0_80_0_0_c7a2c788ab1e2473294e5b3a9c7620e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон русияро кор
Муҳоҷирон нияти тарк кардани Русияро надоранд
12:15 05.03.2022 (Навсозишуда: 13:23 05.03.2022) Бар асари поин рафтани қурби рубл барои муҳоҷирони корӣ, ки маошашонро ба ватанҳояшон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол медиҳанд, рӯзҳои душворе фаро расидааст
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Муҳоҷирон дар Русия бо вуҷуди поин рафтани қурби рубл дар ояндаи наздик нияти тарки ин кишварро надоранд.
Тибқи як назарсанҷии хабаргузории "Московский комсомолец", муҳоҷирони корӣ мехоҳанд, ин вазъро дар Русия пушти сар кунанд.
Даҳҳо хориҷие, ки дар Маскав дар бахши ғизорасонӣ кор мекунанд, дар як моҳи оянда дар зиндагии худ чизеро тағйир доданӣ нестанд.
Ба гуфтаи раиси Федеросиюни муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, “дар бораи ҳар гуна бесуботӣ гузориш нашудааст”. Ҳама муътадил кор мекунанд.
То кунун мушкили аслӣ, ки муҳоҷирон бо он рӯ ба рӯ шудаанд, ин аст, ки интиқоли пул ба шеваи электронӣ ба хориҷ ҳоло бо фосила сурат мегирад. Аммо ҳоло дар нуқтаҳои низоми пардохти зуд навбатҳои зиёди коргарони хориҷӣ вуҷуд дорад.
Интиқоли маблағ, албатта, мушкилтар шуда истодааст ва маблағе, ки барои хонавода мефиристанд, бинобар қурби паст барои сарфаи зиндагии онҳо намерасад.
Сомонии тоҷикӣ ва сӯми ӯбекию соми қирғизӣ ба рублу доллар сахт бастагӣ доранд.
Бадриддин, як корманди фурӯшгоҳи бузург изҳори умедворӣ кард, ки "дар ду моҳ бояд ҳама чиз ором шавад, пас маълум мешавад ё маошро боло мебаранд ё бо кадом роҳ бояд пеш равад".
"Кор ҳаст, маош ҳаст, барои хӯрок кофӣ аст, аммо билети ҳавопаймо ҳоло ҳам гарон аст", - шарҳ медиҳад ӯ.
Илҳом, як зодаи Фарғона, ки ба фурӯши меваи хушк машғул аст, бо таассуф гуфт, ки бо чунин нархи чипта парвоз кардан имкон надорад, магар ин ки бо мошинҳои борбар ба Ватан бирасад.
"Дар ин нуқта бародарам ба ҷои ман намеояд, то тобистон корамро дар ин ҷо идома медиҳам", - афзуд ӯ.
Дар умури савдо ва хоҷагии манзилию коммунаӣ бошад, барои муҳоҷирон ҳама чиз муътадил аст. Кормандон иброз доштанд, ки касеро аз кор озод намекунанд, баръакс талабот ба онҳо боқӣ мемонад.
Аммо муҳоҷироне, ки дар сохтмонанд, шикоят карданд, ки коргарони яке аз сохтмонҳои бузург чанд рӯз боз кор намекунанд, зеро барояшон масолеҳи сохтмонӣ намеояд.