https://sputnik.tj/20220305/lavrov-zelenskiy-mukholifat-nato-russia-1046564374.html
Лавров гуфт, Зеленский қасди ташдиди мухолифат дар миёни НАТО ва Русияро дорад
Лавров гуфт, Зеленский қасди ташдиди мухолифат дар миёни НАТО ва Русияро дорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, президенти Украина қасди барангехтани низоъ бо иштироки НАТО-ро дорад
2022-03-05T17:30+0500
2022-03-05T17:30+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
владимир зеленский
сергей лавров
нато
мухолифат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046491798_0:0:1836:1034_1920x0_80_0_0_2ff2d466ff040eb1d3cbd29e0809ed00.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, расиҷумҳури Украина талош дорад, ки низоъ бо иштироки Русия ва НАТО-ро барангезад. Ин нуктаро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт. "Изҳороти бо нафрати Зеленский хушбиниро дар вазъият зам намекунад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли вазири умури хориҷии Русия. Ӯ афзуд, Зеленский дар изҳороти ахираш дар мавриди НАТО ҳатто густохӣ ҳам кард. Зеленский ахиран кишварҳои ғарбиро дар он муттаҳам кард, ки низоми фазои бастаро дар Украина эълон намекунанд. Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
https://sputnik.tj/20220305/avrupo-nozizudoi-metarsad-1046562472.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046491798_116:0:1836:1290_1920x0_80_0_0_dc3152182f369eb7af3d0658013bf795.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров, зеленский, барангехтан, низоъ
лавров, зеленский, барангехтан, низоъ
Лавров гуфт, Зеленский қасди ташдиди мухолифат дар миёни НАТО ва Русияро дорад
17:30 05.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, президенти Украина қасди барангехтани низоъ бо иштироки НАТО-ро дорад
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, расиҷумҳури Украина талош дорад, ки низоъ бо иштироки Русия ва НАТО-ро барангезад.
Ин нуктаро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт.
"Изҳороти бо нафрати Зеленский хушбиниро дар вазъият зам намекунад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли вазири умури хориҷии Русия.
Ӯ афзуд, Зеленский дар изҳороти ахираш дар мавриди НАТО ҳатто густохӣ ҳам кард. Зеленский ахиран кишварҳои ғарбиро дар он муттаҳам кард, ки низоми фазои бастаро дар Украина эълон намекунанд.
"Ӯ ғамгин шуд, ки НАТО ба ҳимояташ нахест, пас аз ин баремояд, ки ӯ умедвор буд, қазияро бо ҷалби эътилоф ҳал кунад, на музокирот. Аз ин бармеояд, ӯ талош дорад, ки низоъро барангезад", - илова намудааст вазир.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.