Трамп: ИМА аз барои Байден дар дӯзах месӯзад

© REUTERS \ Carlos BarriaБывший президент США Дональд Трамп
Бывший президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Сиёсатмадор бори дигар аз амалкарди роҳбари Амрико интиқод кард ва гуфт, ки чӣ гуна Байден кишварро хароб мекунад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бинобар сиёсатҳои президенти ИМА Ҷо Байден Амрико "ба ҷаҳаннам меравад".
Дар ин бора раиси пешини Кохи Сафед Доналд Трамп дар суҳбат бо "Fox News" хабар дод.
Сиёсатмадор рейтинги Байденро шарҳ дод, ки ҳамагӣ 37% буд. Ин як минимуми таърихӣ аст: ҳеҷ гоҳ дар тӯли таърих ягон президенти Амрико чунин нишондоди пасттарини ҷонибдоронро надошт.
Президент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Трамп Путинро оқил номиду роҳбарони Амрикоро аблаҳ
Трамп таъкид кард, ки 37% мизони хеле поин аст.
"Аммо шумо чӣ гуна метавонед бо ӯ чунин рафтор кунед? Мамлакат ба дӯзах меравад! Ин дӯзах аст!", - хитоб кард роҳбари собиқи Кохи Сафед.
Илова бар ин сиёсатмадор нақшаҳои Байденро барои боло бурдани андоз интиқод кард. Ба ақидаи ӯ, чунин иқдом ба иқтисоди Амрико хисороти ҷуброннашаванда мерасонад.
"Чӣ тавр мумкин аст? Ман ҳеҷ гоҳ нашунидаам, шахсе, ки андозро боло бурдааст, дар интихобот пирӯз шудааст! Ва ӯ мехоҳад, ки андозҳоро боло барад ва ин иқтисодро комилан мекушад, комилан мекушад", - афзуд ӯ.
Ҳамчунин президенти собиқи Амрико қайд кард, ҷинояткорӣ дар шаҳрҳое, ки аъзои ҳизби Байден, демократҳо идора мекунанд, афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0