https://sputnik.tj/20220304/tojikistoniyon-ukraina-chi-andesha-1046541156.html
Тоҷикистониён дар бораи амалиёт дар Украина чӣ андеша доранд: назарпурсӣ
Тоҷикистониён дар бораи амалиёт дар Украина чӣ андеша доранд: назарпурсӣ
Sputnik Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон дар панҷ шаҳри Тоҷикистон як назарпурсии хурде анҷом дод
2022-03-04T19:45+0500
2022-03-04T19:45+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар тоҷикистон
дар русия
иҷтимоъ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103116/23/1031162390_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_8ac266259cd5da5f6f1fb9c599d0e557.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Аз оғози амалиёти вижа як ҳафта сипарӣ шуд. Ҷаҳон ба ҷонибдор ва маҳкумкунандаи он тақсим шудааст. Гузашта аз ин чун ҳамеша дар чунин бозиҳо сиёсӣ на танҳо иродаи мардум, балки мавқеъҳои расмии ин ё он давлат низ назаррасанд. Дар Осиёи Миёна аз пеш аз ҳама Ӯзбекистон мавқеашро дар ин хусус иброз кард. Тавре интизор мерафт, ин кишвар ба унвони давлати бетараф мавзеъгирӣ кард. Президент Шавкат Мирзиёев дар суҳбат бо ҳамтои русаш Владимир Путин ба ҳарчи зудтар анҷом ёфтани амалиёт таъкид кард. Тоҷикистон, ки нозири ҷунбиши ғайримустақим аст, дар ҳоли ҳозир хомӯширо авлотар медонад. Мавқеи Душанберо метавон фаҳмид: аз як сӯ Русия шарики стратегӣ ва корфармои қариб як миллион муҳоҷири корӣ мебошад, аз сӯйи дигар Украина ягона таъминкунандаи турбина ва генераторҳои нерӯгоҳи "Роғун", тарҳи нерӯгоҳи барқи обии умдатарини дар ҳоли сохти кишвар аст. Аз ин рӯ мақомот ягона қарори оқилона - дахолат накардан ба муноқишаи каси дигарро қабул карданд.Аммо сокинони оддии кишвар, албатта, ҳангоми баррасии ҳодисаҳои ташвишовар дар шарқи Украина эҳсосоти бештар нишон медиҳанд.Олмон напазируфтани Украина ва Гурҷистонро ба НАТО иқдоми дуруст хондДар давоми рӯз хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар байни шаҳрвандон дар шаҳрҳои гуногуни ҷумҳурӣ пурсиш анҷом дод. Ва ҳарчанд кам буданд нафароне, ки мехостанд, дар мавзуи ҳассос ошкоро ҳарф зананд, аммо иддае аз шаҳрвандон дар бораи пайдоиши муноқиша, мавзеъгирии ҷонибҳо ва таҳримҳои Ғарб андешаашонро гуфтанд. Аслиддин Пирумшоев, администратор аз Истаравшан: Дар интернет ин гуна баҳсҳо идома доранд, намефаҳмед, чӣ гап аст. Фейкҳо аз ҳад зиёданд. Ин тамоюли замони мост: дурӯғ, иғво, тақаллуб. Ваҳшатнок аст, ба касе бовар карда намешавад. Умари Мирбобо, донишҷӯе аз Хуҷанд: Русия як кишвари ҷиддӣ аст, аммо Украина тасмим гирифт, ки шартҳои худро худаш дикта кунад, барои ҳамин чунин бозӣ сар шуд. Албатта, ҳоло ба тамоми ҷаҳон аз таҷовузкорӣ дод мезананд ва мақоли славяниро фаромӯш мекунанд: "Ҳар чӣ киштӣ, медаравӣ".Саодат Файзуллоева, нафақахӯр аз шаҳри Ваҳдат: Оҳ, вақте ки тир мезананд, ҳамеша бад мешавад. Мо тоҷикон худамон аз сар гузаронидаем. Ҳар дуи писари ман дар Русия кор мекунанд. Ман бо ҳамсарони онҳо ва фарзандонашон бо пули фиристодаи онҳо ба сар мебарем. Бигзор, ин ҳама зуд тамом шавад ва сулҳ биёяд. Шарофат, корманди созмони байналмилалӣ аз Душанбе: Метавонам насабамро намгӯям, чун дар ҷои кор эҳтимол мушкил пеш ояд. Дар идораи мо ҳама кормандони маҳаллӣ аз номи Украина ҳарф мезананд, зеро дар раҳбарият аврупоиҳоянд ва аксарашон, нарм карда гӯем, Русияро дӯст намедоранд. Дар воқеъ, мардум ақидаҳои гуногун доранд. Шахсан ман фикр мекунам, ки вақти ба ҷояш шинондани Зеленский расидааст. Ман бо сафари корӣ дар Киев будам ва дидам ин авбошонро, ки бо сабабу бе сабаб дод мезаданд: "Шараф ба қаҳрамонҳо!".ВУХ Русия гуфт, Маскав маҷбур шуд, дар Украина амалиёти вижа гузаронадАмир Ҳасанзод, корманди бонк дар шаҳри Душанбе: Ман молиядор, як нафари дур аз сиёсат ҳастам. Аммо мушкилоте, ки бо интиқоли маблағ аз Русия ба миён омадааст, аз ҷиҳати корам ба ман дахл дорад. Шарикони русии мо ваъда медиҳанд, ки ҳарчи зудтар мушкил ҳал мешавад. Аҳмад Иброҳимов, соҳибкор аз шаҳри Душанбе: Фикр мекунам, вақти муҷозоти ин фашистон расидааст. Шарики тоҷири ман дар вилояти Луганск зиндагӣ мекард. Нерӯҳои баталонҳои миллӣ ӯро дар таҳхона гузоштанд, латукӯб карданд, пул талаб карданд, ӯ 27 кило вазни худро аз даст дод, саломатиаш бад шуд. Пулро аз тамоми ҷаҳон ба зӯр ҷамъ карданд. Баробари озод шуданаш ба Куриёи Ҷанубӣ муҳоҷират кард, ҳоло дар он ҷо кор мекунад, аз оилааш хеле нигарон аст.Лутфулло, зодаи ноҳияи Рашт, як муҳоҷири корӣ, ки як сол пеш аз Русия ихроҷ шудааст ва нахост насабашро бигӯяд: Ин русҳо украинҳоро фашист мегӯянд, аммо худи онҳо ҳам миллатгаро ҳастанд. Ман худам медонам! Ҳоло бо Амрико сарукор гирифтаанд, ИМА дорои иқтисоди пурқувваттарин дар ҷаҳон аст.Азаров: НАТО ҷанги ҳастаӣ оғоз карданӣ буд, аммо Русия нақшаҳояшро барбод додЛатиф Асадулло, омӯзгор аз Хуҷанд: Таърих мисолҳои зиёдеро медонад, ки гувоҳанд, Русияро аз пой афтоданӣ мешаванд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аксари кишварҳои Аврупо аллакай алайҳи ИҶШС ҷангиданд ва бо чӣ анҷом ёфт? Ва ҳангоме ки давлати фашистӣ дар наздикӣ аст, Путин кори дуруст мекунад. Ва таҳрим бад аст, аммо инаш ҳам мегузарад, зеро аз ин бадтараш ҳам буд".
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103116/23/1031162390_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_a7e8a1efe82511803a388693fc50a52f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикон, амалиёт, украина
тоҷикон, амалиёт, украина
Тоҷикистониён дар бораи амалиёт дар Украина чӣ андеша доранд: назарпурсӣ
19:45 04.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Sputnik Тоҷикистон дар панҷ шаҳри Тоҷикистон як назарпурсии хурде анҷом дод
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Аз оғози амалиёти вижа як ҳафта сипарӣ шуд. Ҷаҳон ба ҷонибдор ва маҳкумкунандаи он тақсим шудааст. Гузашта аз ин чун ҳамеша дар чунин бозиҳо сиёсӣ на танҳо иродаи мардум, балки мавқеъҳои расмии ин ё он давлат низ назаррасанд.
Дар Осиёи Миёна аз пеш аз ҳама Ӯзбекистон мавқеашро дар ин хусус иброз кард. Тавре интизор мерафт, ин кишвар ба унвони давлати бетараф мавзеъгирӣ кард. Президент Шавкат Мирзиёев дар суҳбат бо ҳамтои русаш Владимир Путин ба ҳарчи зудтар анҷом ёфтани амалиёт таъкид кард.
Тоҷикистон, ки нозири ҷунбиши ғайримустақим аст, дар ҳоли ҳозир хомӯширо авлотар медонад.
Мавқеи Душанберо метавон фаҳмид: аз як сӯ Русия шарики стратегӣ ва корфармои қариб як миллион муҳоҷири корӣ мебошад, аз сӯйи дигар Украина ягона таъминкунандаи турбина ва генераторҳои нерӯгоҳи "Роғун", тарҳи нерӯгоҳи барқи обии умдатарини дар ҳоли сохти кишвар аст.
Аз ин рӯ мақомот ягона қарори оқилона - дахолат накардан ба муноқишаи каси дигарро қабул карданд.
Аммо сокинони оддии кишвар, албатта, ҳангоми баррасии ҳодисаҳои ташвишовар дар шарқи Украина эҳсосоти бештар нишон медиҳанд.
Дар давоми рӯз хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар байни шаҳрвандон дар шаҳрҳои гуногуни ҷумҳурӣ пурсиш анҷом дод. Ва ҳарчанд кам буданд нафароне, ки мехостанд, дар мавзуи ҳассос ошкоро ҳарф зананд, аммо иддае аз шаҳрвандон дар бораи пайдоиши муноқиша, мавзеъгирии ҷонибҳо ва таҳримҳои Ғарб андешаашонро гуфтанд.
Аслиддин Пирумшоев, администратор аз Истаравшан: Дар интернет ин гуна баҳсҳо идома доранд, намефаҳмед, чӣ гап аст. Фейкҳо аз ҳад зиёданд. Ин тамоюли замони мост: дурӯғ, иғво, тақаллуб. Ваҳшатнок аст, ба касе бовар карда намешавад.
Умари Мирбобо, донишҷӯе аз Хуҷанд: Русия як кишвари ҷиддӣ аст, аммо Украина тасмим гирифт, ки шартҳои худро худаш дикта кунад, барои ҳамин чунин бозӣ сар шуд. Албатта, ҳоло ба тамоми ҷаҳон аз таҷовузкорӣ дод мезананд ва мақоли славяниро фаромӯш мекунанд: "Ҳар чӣ киштӣ, медаравӣ".
Саодат Файзуллоева, нафақахӯр аз шаҳри Ваҳдат: Оҳ, вақте ки тир мезананд, ҳамеша бад мешавад. Мо тоҷикон худамон аз сар гузаронидаем. Ҳар дуи писари ман дар Русия кор мекунанд. Ман бо ҳамсарони онҳо ва фарзандонашон бо пули фиристодаи онҳо ба сар мебарем. Бигзор, ин ҳама зуд тамом шавад ва сулҳ биёяд.
Шарофат, корманди созмони байналмилалӣ аз Душанбе: Метавонам насабамро намгӯям, чун дар ҷои кор эҳтимол мушкил пеш ояд. Дар идораи мо ҳама кормандони маҳаллӣ аз номи Украина ҳарф мезананд, зеро дар раҳбарият аврупоиҳоянд ва аксарашон, нарм карда гӯем, Русияро дӯст намедоранд. Дар воқеъ, мардум ақидаҳои гуногун доранд. Шахсан ман фикр мекунам, ки вақти ба ҷояш шинондани Зеленский расидааст. Ман бо сафари корӣ дар Киев будам ва дидам ин авбошонро, ки бо сабабу бе сабаб дод мезаданд: "Шараф ба қаҳрамонҳо!".
Амир Ҳасанзод, корманди бонк дар шаҳри Душанбе: Ман молиядор, як нафари дур аз сиёсат ҳастам. Аммо мушкилоте, ки бо интиқоли маблағ аз Русия ба миён омадааст, аз ҷиҳати корам ба ман дахл дорад. Шарикони русии мо ваъда медиҳанд, ки ҳарчи зудтар мушкил ҳал мешавад.
Аҳмад Иброҳимов, соҳибкор аз шаҳри Душанбе: Фикр мекунам, вақти муҷозоти ин фашистон расидааст. Шарики тоҷири ман дар вилояти Луганск зиндагӣ мекард. Нерӯҳои баталонҳои миллӣ ӯро дар таҳхона гузоштанд, латукӯб карданд, пул талаб карданд, ӯ 27 кило вазни худро аз даст дод, саломатиаш бад шуд. Пулро аз тамоми ҷаҳон ба зӯр ҷамъ карданд. Баробари озод шуданаш ба Куриёи Ҷанубӣ муҳоҷират кард, ҳоло дар он ҷо кор мекунад, аз оилааш хеле нигарон аст.
Лутфулло, зодаи ноҳияи Рашт, як муҳоҷири корӣ, ки як сол пеш аз Русия ихроҷ шудааст ва нахост насабашро бигӯяд: Ин русҳо украинҳоро фашист мегӯянд, аммо худи онҳо ҳам миллатгаро ҳастанд. Ман худам медонам! Ҳоло бо Амрико сарукор гирифтаанд, ИМА дорои иқтисоди пурқувваттарин дар ҷаҳон аст.
Латиф Асадулло, омӯзгор аз Хуҷанд: Таърих мисолҳои зиёдеро медонад, ки гувоҳанд, Русияро аз пой афтоданӣ мешаванд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аксари кишварҳои Аврупо аллакай алайҳи ИҶШС ҷангиданд ва бо чӣ анҷом ёфт? Ва ҳангоме ки давлати фашистӣ дар наздикӣ аст, Путин кори дуруст мекунад. Ва таҳрим бад аст, аммо инаш ҳам мегузарад, зеро аз ин бадтараш ҳам буд".