https://sputnik.tj/20220304/taloshi-tojikiston-turkiya-sayyohi-tarafayn-1046502959.html
Талоши Тоҷикистону Туркия барои рушди сайёҳии тарафайн
Талоши Тоҷикистону Туркия барои рушди сайёҳии тарафайн
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамоиши ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия барои такон бахшидани ин соҳа баргузор гардид
2022-03-04T11:51+0500
2022-03-04T11:51+0500
2022-03-04T16:01+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
туркия
ҳамкорӣ
ҳамоиш
табиат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046089631_0:200:1921:1280_1920x0_80_0_0_2e03721235f65b8970c0fb265c794a3d.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Сад ширкати сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамоиш дар шаҳри Истанбул зарфиятҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ намуданд. Тибқи иттилои Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон, ҳамоиш бо ибтикори сафорати кишвар дар Туркия баргузор гардида, мақомдорони давлатӣ ва бахши хусусии кишвари мизбон ба он ҷалб гардидаанд. Ноиби вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия, Надир Алпаслан баргузории чунин чорабиниҳоро қадами муассир барои таҳкими ҳамкории ду кишвар дар бахши сайёҳӣ хондааст. Намояндагони Тоҷикистон рӯнамо ва видеоҳо дар бораи табиати нодир ва дигар имконияти сайёҳии кишварро пешниҳоди ҳозирин кардаанд. Таъкид шудааст, ки дар доираи ин ҳамоиш ҳамчунин 12 ширкати тоҷикию туркӣ "Намоишгоҳи мавод ва маҳсулоти ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия"-ро баргузор кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо бархе аз ширкатҳои сайёҳии Туркия барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ тавофуқ кардааст. Аз ҷумла Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран гуфт, бо оғози мавсими сайёҳии ҷадид дар назар аст, ки ҳудуди 500 муҳоҷири тоҷик ба меҳмонхонаҳои Туркия ба кор сафарбар гарданд. Интизор меравад, ки ин иқдом аз моҳи апрели соли равон оғоз шавад. Дар мавриди талабот аз довталабон Маҳмадуллозода гуфт, ки аз асосиҳояш донистани забони русӣ мебошад, чун дар меҳмонхонаҳои Туркия асосан ба сайёҳон аз Русия хидматрасонӣ хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220213/khushqadu-rusidon-turkey-tajikistan-mehmonkhona-1045805212.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046089631_46:0:1753:1280_1920x0_80_0_0_aa27fa3e3ac898e1c6370ab7e5ccde94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, табиат, муаррифӣ, сайёҳӣ
тоҷикистон, туркия, табиат, муаррифӣ, сайёҳӣ
Талоши Тоҷикистону Туркия барои рушди сайёҳии тарафайн
11:51 04.03.2022 (Навсозишуда: 16:01 04.03.2022) Ҳамоиши ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия барои такон бахшидани ин соҳа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Сад ширкати сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамоиш дар шаҳри Истанбул зарфиятҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ намуданд.
Тибқи иттилои Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон, ҳамоиш бо ибтикори сафорати кишвар дар Туркия баргузор гардида, мақомдорони давлатӣ ва бахши хусусии кишвари мизбон ба он ҷалб гардидаанд.
Ноиби вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия, Надир Алпаслан баргузории чунин чорабиниҳоро қадами муассир барои таҳкими ҳамкории ду кишвар дар бахши сайёҳӣ хондааст.
Намояндагони Тоҷикистон рӯнамо ва видеоҳо дар бораи табиати нодир ва дигар имконияти сайёҳии кишварро пешниҳоди ҳозирин кардаанд.
Таъкид шудааст, ки дар доираи ин ҳамоиш ҳамчунин 12 ширкати тоҷикию туркӣ "Намоишгоҳи мавод ва маҳсулоти ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия"-ро баргузор кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо бархе аз ширкатҳои сайёҳии Туркия барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ тавофуқ кардааст.
Аз ҷумла Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран гуфт, бо оғози мавсими сайёҳии ҷадид дар назар аст, ки ҳудуди 500 муҳоҷири тоҷик ба меҳмонхонаҳои Туркия ба кор сафарбар гарданд. Интизор меравад, ки ин иқдом аз моҳи апрели соли равон оғоз шавад.
Дар мавриди талабот аз довталабон Маҳмадуллозода гуфт, ки аз асосиҳояш донистани забони русӣ мебошад, чун дар меҳмонхонаҳои Туркия асосан ба сайёҳон аз Русия хидматрасонӣ хоҳад шуд.